Бонкҳои эронӣ нақша доранд бо дастгирии БМТ филиалу намояндагиҳои худро кушоянд
Душанбе, 17.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод, низоми бонкии ҳарду кишвари ҳамзабон ва ҳамдин, ки дорои таъриху анъанаҳои муштарак мебошанд, имрӯз, 17 феврал зимни вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷ. Нурмаҳмадзода сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба хотири пешрафти соҳа роҳандозӣ шуданд, шинос намуд. Дар идомаи суҳбат номбурда ба ҷониби Эрон, бахусус бонкҳои он, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият доранд, барои дастгирии ташкилоти қарзӣ дар давраи бӯҳронӣ изҳори сипос кард.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабулу дар амал татбиқ сохтани қонунҳо ва муқаррароти ҳуқуқӣ, эълони сиёсати дарҳои кушода, таъмини амнияти комил ба ташкилоту ширкатҳои истеҳсолии хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак, ворид кардани сармоя, маблағгузорӣ кардани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароити мусоид ва имтиёзнок муҳайё сохтааст. Дар робита ба ин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳиш ба амал овард, ки барои дар сатҳи нави ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманди бонкҳои ҳарду кишвар нақшгузор бошад.
Ба истиқболи пешниҳоди Ҷамшед Нурмаҳмадзода сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ омодагии кишвари худ, ҳамчунин сармоядорони онро дар ҷодаи тавсеаи ҳамкорӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон иброз намуд. Ӯ таъкид кард, ки баъди аз байн бардошта шудани таҳримҳои чандинсолаи иқтисодӣ имкониятҳои кишвараш барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни дуҷониба бештар гаштааст. Аз ҷумла, бонкҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба нақша гирифтаанд бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ филиалу намояндагиҳои худро кушоянд ва ба ин васила дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳим ва ҷанбаҳои дигари ҳамкории судманд муҳокима шуданд.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






