Хуҷанд: Мулоқот дар чойхонаи «Сирдарё»
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар чойхонаи «Сирдарё»-маркази вилояти Суғд фаълони шаҳр, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд ва зиёиён бо гурӯҳи корӣ -Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раънохон Маҳмудзода, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини аввали раиси вилояти Суғд, Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят вохӯрӣ намуданд. Ҳайати корӣ нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ намуда, доир ба барномаҳои таҳиягашта ва дурнамои кишвар, ки аз ин Паём бармеоянд, сухан гуфтанд.
Ҳамчунин оид ба бобу моддаҳое, ки ба онҳо аз тариқи раъйпурсии умумӣ тағийрот ворид мешаванд, изҳори назар намуданд. Аз ҷумла, дар мавриди аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудани калимаи Сарқонун, тағийрот дар моддаи 8, 15, 34, 49, 84 ва 85 тавзеҳ дода шуд.
Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Чунин мулоқот бо ҳайати корӣ бо ширкати олимон, устодон ва донишҷӯёну ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дар мактаби таҳсилоти умумии №23 барои сокинони маҳаллаҳои «Темурмалик», «Мевағул» ва «Суғдиён» ва ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






