Намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик дар шаҳри Иваново
Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Русия намоишгоҳи рассомони тоҷик дар шаҳри Иваново ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия, маъмурияти вилояти Иваново, зиёиёни эҷодӣ ва ҷомеаҳои миллии Иваново, инчунин ташкилотчӣ ва сарпарасти намоишгоҳ- коллексионери хусусӣ Юлия Вербитская ширкат варзиданд.
Ба иштирокдорони намоишгоҳ наққошиҳои рассомони машҳури тоҷик, аз ҷумла Зуҳур Ҳабибуллоев, Муриват Бекназаров, Сабзалӣ Шарипов, Эрвин Гофман, Юрий Вайс ва дигарон муаррифӣ шуданд.
Ин асарҳо асосан ба шахсиятҳои таърихӣ бахшида шуда, тасвири табиат, зиндагӣ ва махсусиятҳои Тоҷикистонро инъикос мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






