Паём-баёнгари ҷасорати марзбонони кишвар

Февраль 3, 2016 09:32

Душанбе, 03.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Баъд аз таҳлилу хулосабарории амиқи соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва натиҷаи фаъолияти сохторҳои марбутаи давлатӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми январи соли равон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар баробари дигар сохторҳо ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа зимни баргузории ин Паём фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ низ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, доир ба пешгирии хатару таҳдидҳои террористиву экстримистии ҷаҳони муосир дар назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои нави хизматӣ гузошта шуданд. Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматиашон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир — терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, гурӯҳҳои ифротгаро, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.
Дарвоқеъ, вобаста ба ҷойгоҳ ва мавқею манзалати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва дар маҷмӯъ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ҳаминро бояд зикр кард, ки нақши ҳомиёни марзу буми Ватан дар баланд бардоштани қудрати мудофиавии мамлакат муҳим арзёбӣ гардид. Бояд зикр кард, ки аз соли 1994 ин ҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон беш аз 113 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла, 34 тонна маводи сахттаъсири героин мусодира шудааст, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соли сипаригардида ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд. Албатта, ин бовару самимияти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар водор месозад, ки тамоми хизматчиёни ҳарбӣ- аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба дар иҷрои вазифаҳои низомии хеш пурмасъул бошанду барои ҳифзи Ватани маҳбубамон корнамоиҳои арзандаву шоён нишон диҳанд.
Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлату ҷомеа монеъ шуда, ба нуфузу обрўи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Барои мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё шудаанд, вале барои паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.
Дар баробари ин, моро зарур аст, ки барои пешгирии ин зуҳурот тадбирҳои иловагӣ андешем.
Тавре ки Пешвои миллат зикр кард: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».
Дар раванди таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва марзу буми кишвари азизамон саҳми марзбонони тоҷик хеле назаррас мебошад. Дар баробари дигар сохторҳои мақомоти қудратӣ ҳимоятгарони марзу буми кишвар доимо дар саъю кӯшиши он мебошанд, ки барои осоиштагӣ, оромии мардуми диёр тамоми ниятҳои нопоки душманону бадхоҳони миллати тоҷикро ба нестӣ расонанд.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҳоло марзбонони тоҷик дар хати аввали марзи кишварамон қарор доранд. Муҳофизати марзи давлати Тоҷикистон ба зиммаи сарҳадбони тоҷик гузошта шудааст. Марзбонони тоҷик суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат: «Сарҳад яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди кишвар аст»-ро шиори худ карда, имрӯзҳо бо дарки баланди ватанпарастӣ ин қарзи пуршарафро софдилона адо менамоянд.
Фаъолияти ҳамешагии қӯшунҳои сарҳадӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолият, шароити хизмат ва буду боши хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти моддию техникӣ, маданию фароғатӣ ва маишӣ шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо ҳиссиёти баланди миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар — Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Воқеан он ҳодисаву воқеаҳои сиёсии марбут ба терроризм ва экстремизми байналхалқӣ, гурӯҳҳои ифротгароии дохил ва хориҷи кишвар дар соли 2015, ки таваҷҷуҳи асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шуда, ҳамчун вабои марговари асри ХХI ҳисобида шуд, бори дигар мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, бахусус марзбонони шуҷои Ватанро водор месозад, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу малакаи баланди касбии хеш амну суботро дар сарҳад ва осоиштагии комилро дар тамомияти арзии Тоҷикистон ҳифз намоем, зеро таъмини маводи озуқаворӣ, маишиву молиявӣ ва техникии хизматчиёни ҳарбӣ, масъалаи муҳим дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат буд. Дар баробари ин, таъкид шуд, ки: “Авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро барои боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд”.
Вобаста ба талошу заҳматҳо ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дигар мақомоти қудратӣ, ки дар Паёми имсола низ эҳсос гардид, мо, муҳофизони Ватан ваъда медиҳем, ки дар доираи иҷрои Савганди ҳарбӣ то охирин нафас ба халқу Ватан содиқ монда, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа, муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин ва дар ин замина, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакатро кафолат медиҳем.
Чунончӣ, дар Паём омадааст: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем”.
Ин аз ҳар як хизматчии ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ талаб менамояд, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда содиқона хизмат намоянд. Тавре ки дар Паёми худ Пешвои миллат таъкид кард: «Яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ буда, рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад. Бо мақсади идома бахшидани ин раванд, аз ҷониби Ҳукумат барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020 қабул гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст».
Мувофиқи ин барнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат дар тамоми минтақаҳои наздисарҳадии кишварамон қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ зиёда аз 900 гектар замини ҳосилхез ҷудо шудааст, ки ин заминҳо самаранок истифода шуда, дар онҳо ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шудаанд. Дар соли сипаришуда ҷамоварии ҳосил зиёда аз 3000 тоннаю 600 кг меваю сабзавотро ташкил дод, аз ҷумла он картошка, бодиринг, помидор, боимҷон, лаблабуи сурх, пиёз, карам, сабзӣ, турб, гандум, тарбуз, себ, нок ва ангурро дар бар мегирад.
Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фаъолияти содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун ҳидоят менамояд.

Муовини аввали раис —
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ

Февраль 3, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд