Соли 2016 рушди иқтисод 7 фоиз таъмин мешавад
Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Аз рӯи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ рушди иқтисод соли 2016 бояд 7 фоиз таъмин карда шавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи раиси БМТ, ҳангоми ба кор даровардани корхонаҳои азим дар минтақаи озоди Данғара, ноҳияи Ёвон, Ҳисор ва Б.Ғафуров маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд хоҳад шуд.
«Имсол агар боду ҳаво мусоид ояд, истеҳсоли зиёди маҳсулоти кишварзӣ низ дар назар аст. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ асосан аз рӯи ду нишондиҳанда- саноат ва кишварзӣ таъмин мешаванд. Вале бояд гуфт, ки ба ин нишондиҳанда нархи ҷаҳонии нафт ва маводи хӯрокӣ низ таъсир мерасонад»,-илова намуд Ҷ. Нурмаҳмадзода.
Вазифаи бонк дар ин самт пешниҳоди зиёди қарзҳои имтиёзнок барои соҳаҳои истеҳсолот ва кишоварзӣ ба мардум мебошад, ки он барои зиёд кардани маҳсулот мусоидат карда, ба ММД таъсири мусбати худро мерасонад ва болоравии рушди иқтисодиётро таъмин менамояд.
Хотирассон мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар оғози сол дурнамои рушди кишварҳоро пешниҳод намуда, дар он пешгӯӣ карда буд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 қариб то 5 фоиз рушд хоҳад ёфт.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






