Теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзӣ зиёд шуд
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд, ки барои анҷом додани мубодилаи асъор ба хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1464 нуқтаи интиқоли маблағ муроҷиат намоянд.
Аз ҷумла, дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Султони Кабир», «Фаровон», бозорҳои фурӯши яклухти маҳсулоти хӯрокворӣ, фурӯшгоҳи марказии «СУМ», маркази савдои «Садбарг» барои анҷом додани амалиёти мубодилавӣ 10 маркази нави хизматрасонии бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Эсхата» ва ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ташкил шудаанд ва ҳамарӯза ба мардум хизмат мерасонанд.
Раванди таъсиси марказҳои нави хизматрасонии бонкӣ идома дошта, танҳо дар якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилоти қарзӣ 28 адад зиёд шудааст.








Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид






