3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар маҷмааи тандурустии «Истиқлол»

Март 4, 2016 09:27

Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ифтитоҳ ёфтани маҷмааи нави тандурустии «Истиқлол»  наздики 3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати бобарори иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии мардум мебошад.

Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти мазкур 7 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони ин иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо  кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини муҳандисию техникӣ ҷараён дошт. Дар рафти бунёди иншоот корхонаҳои сохтмонӣ ва техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 6 корхонаи бетонтайёркунӣ, даҳҳо адад кран-манораҳои борбардор, автокранҳо, экскаваторҳо ва дигар мошинҳои борбардор фаъолият мекарданд.

 

Март 4, 2016 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»