Анализатори таҳлили пешоб ва хун дар муддати кутоҳ таҳлил мегузаронад

Март 4, 2016 14:50

Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар монгоҳи муҳташами маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар се бино ҷойгир шудааст. Дармонгоҳ аз шуъбаи бақайдгирӣ, ташхиси тибби оилавӣ, шуъбаҳои мутахассисони маҳдуд, озмоишгоҳ ва офиятбахшӣ иборат мебошад. Бино ба гуфтаи сардухтури ин дармонгоҳ Ҳакима Асфияева дар озмоишгоҳи ин дармонгоҳ пурра таҷҳизоти наву муосир насб шудаанд.
«Анализатори таҳлили пешоб ва таҳлили хун таҷҳизоте мебошад, ки аз тариқи он дар муддати кӯтоҳ таҳлил гузаронида шуда, мутахассисон онро барои духтур омода мекунанд. Бартарии ин таҷҳизоти озмоишию ташхисӣ дар он аст, ки аз ин пас он кори табибонро осон карда, вақти беморонро сарфа мекунад. Таҷҳизоти дармонгоҳи мо аз Италия, Олмон ва Ҷопон харида шудаанд»,-иттилоъ дод сардухтури дармонгоҳ.
Бино ба маълумоти мусоҳиб, дар ин дармонгоҳ 650 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд.
«Ба ин дармонгоҳ мо мутахассисони ботаҷрибаро ба кор даъват мекунем. Алъон қисме аз мутахассисон барои кор дар таҷҳизоти нав омӯзонида шудаанду ширкатҳое, ки ин таҷҳизотро дар дармонгоҳи мо насб намудаанд, дар муддати ду ҳафта ба кормандон усули истифодаи ин таҷҳизотро меомӯзонанд»,- гуфт Ҳакима Асфияева.
Таҷҳизоти дигаре, ки дар озмоишгоҳи дармонгоҳ насб шудааст, ин комбайни озмоишӣ барои ташхис ва муоинаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ мебошад.
«Таҷҳизоти дигар барои муоинаи бемориҳои чашм пешбинӣ шудааст. Ҳамаи таҷҳизоти озмоишгоҳ замонавӣ буда, ба мутахассисон имкон медиҳанд, ки аз тариқи заррабин (микроскоп), шишаҳои муҳаддаб (лупа) ва дигар асбобҳои пешина муоина накарда, тавассути компютерҳои рақамӣ ташхис гузаронанд»,-афзуд мусоҳиб.
Ҳакима Асфияева зимни суҳбат ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.
«Сарвари давлати мо ба соҳаи тандурустӣ ва солимии ҷомеа доим таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бояд гуфт, ки дар 25 соли соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Маҷмааи тандурустие, ки имрӯз Сарвари давлат ифтитоҳ намуд, кори на танҳо табибон, балки тамоми мардумро осон мекунад. Бо шарофати ин маҷмааи тандурустӣ Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ боз як қадами устувор ба пеш гузошт»,-илова намуд Ҳакима Асфияева.

Март 4, 2016 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд