Аввалин асари илмии бостоншиносӣ ба забони тоҷикӣ

Март 18, 2016 17:55

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). —  Асари нави илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ аз нашр баромад. Ин  асари пурарзиши илмӣ аз ҷониби бостоншиноси ҷавон Б.Бобомуллоев тарҷума ва бо ибтикори президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расонида шуд.

Ин аввалин асари илмии бостоншиносӣ ба забони тоҷикӣ буда, туҳфаи арзандаест барои дӯстдорони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо таҳқиқот дар соҳаи бостоншиносии тоҷик хеле рушд кард. Маҳз дар ҳамин давра ёдгории беназири аҳди неолит ва биринҷии Саразм ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид. Харитаҳои бостоншиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Ҳисор ва ноҳияи Ёвон ба нашр расид. Аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои нав дар Фархор, Кангуртут ва Дарвоз кашф карда шуданд.

Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2008 дар шаҳри Маскав китоби Памятники Кангуртута в Юго- Западном Таджикистане (Эпоха неолита и бронзового века) аз чоп баромад, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 40-солаи бостоншиносони маъруф В.А.Ранов, Н.М.Виноградова ва Т.Г.Филимонова ҷамъбаст шудааст. Аҳамияти муҳими ин ёдгориҳоро дар таърихи халқи тоҷик ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози омӯзишҳои бостоншиносӣ дар деҳкадаи Кангуртут дастур дод ва дастгирии бевосита намуд.

Ҳамин тавр, корҳои бостоншиносӣ аз нав аз ҷониби мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтанд. Бояд зикр намуд Кангуртут дар Тоҷикистон ягона ёдгории бостоншиносӣ мебошад, ки дар он асарҳои таърихӣ аз даврони неолит то давраи охири асри биринҷӣ ошкор гардиданд. Дар Кангуртут бори аввал деҳкада ва гӯристони марҳилаи миёнаи асри биринҷӣ кашф  шуд.

Бозёфтҳои ин мавзеъ  аз таърихи зиёда аз 3500-солаи ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.

Март 18, 2016 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид