Аввалин асари илмии бостоншиносӣ ба забони тоҷикӣ
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Асари нави илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ аз нашр баромад. Ин асари пурарзиши илмӣ аз ҷониби бостоншиноси ҷавон Б.Бобомуллоев тарҷума ва бо ибтикори президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расонида шуд.
Ин аввалин асари илмии бостоншиносӣ ба забони тоҷикӣ буда, туҳфаи арзандаест барои дӯстдорони таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо таҳқиқот дар соҳаи бостоншиносии тоҷик хеле рушд кард. Маҳз дар ҳамин давра ёдгории беназири аҳди неолит ва биринҷии Саразм ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид. Харитаҳои бостоншиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Ҳисор ва ноҳияи Ёвон ба нашр расид. Аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои нав дар Фархор, Кангуртут ва Дарвоз кашф карда шуданд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, соли 2008 дар шаҳри Маскав китоби Памятники Кангуртута в Юго- Западном Таджикистане (Эпоха неолита и бронзового века) аз чоп баромад, ки дар он натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 40-солаи бостоншиносони маъруф В.А.Ранов, Н.М.Виноградова ва Т.Г.Филимонова ҷамъбаст шудааст. Аҳамияти муҳими ин ёдгориҳоро дар таърихи халқи тоҷик ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози омӯзишҳои бостоншиносӣ дар деҳкадаи Кангуртут дастур дод ва дастгирии бевосита намуд.
Ҳамин тавр, корҳои бостоншиносӣ аз нав аз ҷониби мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтанд. Бояд зикр намуд Кангуртут дар Тоҷикистон ягона ёдгории бостоншиносӣ мебошад, ки дар он асарҳои таърихӣ аз даврони неолит то давраи охири асри биринҷӣ ошкор гардиданд. Дар Кангуртут бори аввал деҳкада ва гӯристони марҳилаи миёнаи асри биринҷӣ кашф шуд.
Бозёфтҳои ин мавзеъ аз таърихи зиёда аз 3500-солаи ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






