Банақшагирии сармоягузории асосӣ ва махзани макроиқтисодӣ
Душанбе,12.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 11 март Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии самтҳои алоҳидаи соҳаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Банақшагирии сармоягузорӣ: вазъи ҷорӣ, монеаҳо ва мушкилот. Махзани макроиқтисодӣ» семинар баргузор намуд.
Чорабинии мазкур барои роҳбарон ва мутахассисони раёсат ва шуъбаҳои банақшагирӣ ва соҳавии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин факултаи молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пешкаш гардид, ки дар он зиёда аз 40 мутахассиси масъулиятдори вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Дар семинар масоил вобаста ба банақшагирии сармоягузорӣ ва ташаккули махзани макроиқтисодӣ муҳокима шуд. Аз ҷумла, муаррифиҳо дар мавзӯъҳои зерин пешниҳод шуданд: воситаҳои арзёбии хароҷоти сармоявӣ; таҳлили ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ барои сохтмони асосӣ; раванди арзёбии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Иттиҳоди Аврупо; рушди доираи макроиқтисодӣ; рушди махзани умумии макроиқтисодӣ.
Мушовирони лоиҳа барои муҳокима як зумра масъалаҳоро пешниҳод намуданд, ки ҳолати амалкунандаи раванди ташаккул ва иҷрои Буҷети давлатиро дар самти маблағгузории хароҷоти асосӣ тавсиф ва монеаҳои душвориҳои мавҷударо шарҳ медиҳанд.
Инчунин тавсияҳои муфид оди ба беҳтар намудани низом, асноди баҳогузории лоиҳаҳои саромягузорӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва намунаҳо аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешниҳод шуданд.
Дар самти такмили сиёсати макроиқтисодӣ аҳамияти тавозуни нишондодҳои байнисоҳавие, ки минбаъд дар дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар доираи фаъолияти мазкур махзани ягонаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ташаккул хоҳад ёфт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






