Дар масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб мегарданд
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ Ховар).- Дар кулли масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, минбаъд вуруди намозгузорон ба масҷидҳо тавассути дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин росто Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ба масъулини пойтахт ва раисони ноҳияҳои шаҳр дастур додааст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд. Бояд тазаккур дод, ки шаҳрдорӣ ҳамзамон дастур додааст, ки камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои металлӣ аз ҳисоби масҷидҳо харидорӣ ва насб шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ин тадбири шаҳрдорӣ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон дар кулли масҷидҳои расмии пойтахт андешида шудааст.
Ҳамзамон раиси шаҳр супориш додааст, ки камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири махсус дар муассисаҳои тиббию маориф, тарабхонаҳо, марказҳои савдою маишии пойтахт насб ва таҷҳизонида шаванд. Назорати фаъолияти доимии камераҳо аз ҷониби сохторҳои марбута таъмин мегардад ва бо истифода аз имконоти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҳти мушоҳидаи маҷмӯӣ қарор додани фаъолияти камераҳо ва ташкили заминаи ягонаи иттилоотию назорати интерактивӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр барномаи махсус тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дода мешавад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






