Лигаи миллии футбол: “То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат”…

Март 26, 2016 10:53

Душанбе, 26.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар таърихи 25-солаи футболи Тоҷикистон клубҳои футбол дар кишварамон гоҳе пайдо мешаванду гоҳи дигар ғайб мезананд. Аҷиб он аст, ки ин дастаҳо қаторӣ ё худ одӣ набуда, аз худ номи нек  боқӣ мегузоранд, унвони чемпиониро соҳиб мешаванду Ҷом ба даст меоранд ва ё соҳиби медалҳои чемпионат мегарданду баъд якбора фано мешаванд. Мисли “Далерон-Ӯротеппа” дар соли 2016.

Агар мухлисони футбол ёд дошта бошанд, соли 1992 замоне, ки “Помир”-и овозадор дар мусобиқоти Лигаи олии кишвар бозӣ мекард, дастае пайдо шуд бо номи “Ситора”. Ин даста дар дувумин соли ҳунарнамоиаш аз “Помир” пеш гузашта, чемпиони Тоҷикистон шуд ва соли оянда низ ин унвонро ба даст овард. Барандаи медалҳои нуқра ва биринҷӣ, инчунин Ҷоми Тоҷикистон ҳам шуд. Аммо соли 1997 якбора аз нигоҳи азимати молиявӣ барҳам хӯрд.

Дар ҳайати даста бозингароне ҳунарнамоӣ мекарданд, ки имрӯз барои ривоҷи футболи мамлакат саҳм мегузоранд. Инҳо Раҳматулло Фузайлов, Алишер Тӯхтаев, Рустам Хоҷаев, Ҳикмат Фузайлов, Амоншо Саодатсайров ва дигарон.

Дастаи дигаре, ки бо номи “Варзоб”-и Душанбе пайдо шуд, паси ҳам се мавсим, солҳои 1998 то 2000-ум қаҳрамони Тоҷикистон гардид ва  Ҷомро ба даст овард. Соли 2001-ум аз “Варзоб” на ном монду на ҳайат.  Футболбозонаш ба дастаи навтаъсиси БДА шомил шуданд. БДА низ барҳам хӯрд.

Чунин мисолҳо хеле зиёданд. Клуби футболи “Истаравшан”-и Ӯротеппа борҳо барҳам хӯрдаву аз нав эҳё шудааст. Ду сол қабл ҷойгузини “Истаравшан”- “Далерон-Ӯротеппа” барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон гардид. Ин даста аз нигоҳи буҳрони молиявӣ дар нимаи дуввум ҳамаи бозингарони беҳтарини худро аз даст дод. Имсол низ дар таҳияи тақвими нави мусобиқот Федератсияи футбол кишвар  “Далерон Ӯротеппа”-ро ба қатори иштирокдорони мавсими футболи соли 2016 дохил кард. Дар ин ҷода корҳои зиёде ба анҷом расиданд, аммо роҳбарияти дастаи “Далерон-Ӯротеппа” аз сабаби пайдо накардани маблағ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа даст кашид ва ҳамакнун ФФТ аз нав тақвими мусобиқа месозаду барномаҳои рехтаашро аз сар мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

25-умин мавсими футбол аз 7 апрел шурӯъ мегардад ва дар он  10 даста шикат меварзад. Кадоме аз дастаҳо то куҷо ва то кадом вақт бозӣ мекунанд, касе намедонад.

7-апрел. “Парвоз” –“Истиқлол”

9-апрел. “Регар ТадАЗ”-КМВА“Помир”

“Хуҷанд”-“Вахш”

10-апрел. “Хайр”-“Равшан”

“Ҳосилот” –“Барқчӣ”

Оғози бозиҳо соати 16.00

 

 

 

Март 26, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд