Мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовар курси омӯзишии панҷрӯза барои афсарони ҳамкории сарҳадӣ оғоз гардид, ки дар кори он кормандони ВКД, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Хадамоти гумрук иштирок доранд.
Курсҳо дар чорчӯбаи Лоиҳаи XAC/K22 «Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон аз тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани дафтарҳои ҳамкории сарҳадӣ ташкил шуд.
Мақсади курси омӯзишӣ баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи ҳамкории судманди кормандони мақомоти назораткунанда дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошад.
Дар қисми назариявии курси омӯзишӣ шунавандагон бо муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ, мақсад ва вазифаҳои Дафтари ҳамкории сарҳадӣ, таърихи истеҳсол ва истеъмоли маводи нашъадор, аломатҳои объективӣ ва субъективии қочоқ шинос хоҳанд гашт. Дарсҳои амалӣ оид ба азназаргузаронии нақлиёти автомобилӣ бо ёрии сагҳои хизматӣ, ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳ, инчунин бо ёрии экспресс-тестҳо гузаронида мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






