Мулоқоти вакил бо кормандони гумрук
Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби замони муосир саъю талош намуда, барои татбиқи он аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоем». Ин матлабро Шариф Раҳимзод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба иқтисод ва молия зимни мулоқот бо кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баён кард.
Шариф Раҳмимзода доир ба самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти кишвар сухан карда, таъкид намуд, ки Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат санади асосии стратегӣ маҳсуб шуда, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иҷрои босифат ва саривақтии нуктаву хулосаҳо ва дастуру супоришҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди кишвар аст. Ва барои татбиқи ин ҳуҷҷати муҳиму стратегӣ мебояд аз тамоми зарфиятҳо истифода намоем, зеро Паёми Пешвои миллат дастур ва раҳнамои имрӯзу фардои миллат ва давлат аст.
Ҳамзамон дар мулоқот Хуршед Каримзода-муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Парлумони мамлакат ибрози назар намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар ин самт Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисистон фаъолияташро бо назардошти вазифаҳои муҳиму масъулиятнок барои тақвият ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани сиёсати гумрукӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба роҳ мондааст.








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






