Нуробод: Ҷашни фархундаи Наврӯз муборак бошад!

Март 28, 2016 15:44

Нуробод, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 27-уми март дар наврӯзгоҳи ноҳияи Нуробод ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Сокинони ноҳия Наврӯзи хуҷастаро хуб истиқбол намуда, зиёда аз 30 намуди хӯрокҳои миллии минтақаро дар баробари намоиши ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузоштанд ва ҳунармандони ноҳия бо барномаҳои консертии худ хотири сокинонро болида гардониданд.
Инчунин дар дар ин ҷашн мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ баргузор гардиданд, ки паҳлавон Зиёратшо Баротов бо ба даст овардани ғолибият шоҳҷоиза- «Mercedes-Benz» -ро соҳиб шуд.

Март 28, 2016 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»