Ошкор гардидани интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамоку
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-23 марти соли равон дар гумруки Панҷи Поён як далели интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамокугӣ ошкор ва пешгирӣ шуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии воситаи нақлиёти «ДАФ», рақами қайди давлатиаш ТҶ 42 81 DO 01, ронандааш Давлатманд Гулов бо гумони дар бордони мошин доштани маҳсулоти тамоку мавриди боздошт қарор гирифт.
Муайян гардид, ки номбурда дар бордони мошини мазкур пинҳонгоҳи махсус сохта, дар таги халтаҳои шакар ба миқдори 890 қуттӣ баробар ба 8 900 қуттича, ки дар маҷмуъ 178 000 дона сигорҳои тамғаи ESSE- и истеҳсоли давлати Кореяро устокорона ҷойгир намуда, мехост бидуни ҳуҷҷатҳои лозимӣ ва ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.
Ҳангоми пурсиш ронанда Давлатманд Гулов иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводи тамокуро аз Давлати Исломии Афғонистон дастрас намуда, бо мақсади тиҷорат ва дарёфти даромади муфт аз тариқи сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ интиқол додааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тафтиш идома дорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






