Пардабардорӣ аз рӯи Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ
Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.
Тавре маълум гардид, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрак бунёд шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии Муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ бо таҳкурсиаш 12 метрро ташкил медиҳад ва он аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.
Хиёбони марказӣ ва боғ, ки муҷассама дар он қомат афрохтааст, аз таъмиру таҷдид бароварда шуда, ба як мавзеи дилфиреб ва маҳалли сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.
Бинои Қасри фарҳанги ноҳия ҳам дар даруни боғ аз нав таъмир гардидааст. Аз тарафи соҳибкор Мирзораҳим Шарифов чойхонаи нави миллӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Арзиши умумии корҳои навсозӣ ва сохтмони иншоот дар маҷмуъ 17 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи иншооти нав ва шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ суҳбати самимӣ доир кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои баҳор, наврӯзи ҷаҳонишудаи тоҷикон, ҷашнҳои бузурги дар пешистода ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат ба соҳибкорони ватанӣ, ки барои ободонии диёри хеш саҳми муносиб гузоштаанд, изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ кард.
Сокинони ноҳия дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон миннатдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.






















Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






