Пешвои миллат: “Солимии ҷомеа-сарвати давлат аст”
Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмааи нави тандурустии «Истиқлол» изҳор дошт.
Маврид ба зикр аст, ки бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани ин маркази замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки барои дастгоҳҳои навтарин мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода созанд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, саломатии аҳли ҷомеа дар мадди аввали давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи технологияи пешрафтаи ташхисию табобатии муосир ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки маҷмааи тандурустии «Истиқлол» нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла хадамоти ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тиббии муосир мебошад.








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






