Рӯшон: Мулоқоти гурӯҳи ҳукуматӣ бо мардуми аз заминларза осебдида

Март 10, 2016 14:49

Хоруғ, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Гурӯҳи кории ҳукуматӣ, ки ба он мутахассисони кумита ва ситоди ҳолатҳои фавқулода, шуъбаи беҳдошти замин ва об, заминсозӣ, шуъбаи сохтмон ва меъморӣ, намояндагони Саридораи геология, раёсати маориф, тандурустӣ, хоҷагии ҷангал, намояндагони ташкилоти кумакрасони байналмилалӣ шомил буданд, бо сарварии муовини раиси ВМКБ Исрор Исроров тайи як ҳафта дар деҳоти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо мардуми аз заминларза осебдида мулоқот доштанд. Ҳадаф аз сафари гурӯҳи корӣ омӯзиши ҷараёни омодагӣ ба барқарорсозии манзилҳои зисте, ки аз зилзила зарар дида буданд, дидани ҷойҳои барои сохтмони манзил ҷудошуда, баррасии арзу шикояти шаҳрвандон ва муайян намудани ҳаҷми хисороти расида аз зилзилаҳои такрорӣ буд. Ҳамчунин бо супориши раиси вилоят дар ҷараёни сафар масъалаи азхудкунии заминҳои нав ва устуворгардонии иншооти обрасон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Мавриди истифода қарор гирифтани канали Рошорв, ки сармоягузорон тавассути чархбол бо вазъи он шинос шуда буданд, имконият медиҳад, ки дар ин майдон зиёда аз 800 гектар замин шодоб ва кишт гардад. Дусад метри ҷойи аз ҳама душворгузари ин канали зиёда аз 7 километра ба барқарорсозӣ ниёз дорад. Корам шудани дашт на фақат ба худкифоии сокинони Рошорв ва деҳоти атроф аз лиҳози таъминот бо маводи ғизо, балки пур намудани бозорҳои ноҳия ва маркази вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда гузошта метавонад. Мутахассисони Институти биологии Помир даштро дар баробари манбаи фаровони маҳсулоти кишоварзӣ пойгоҳи муносиб барои гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ мешуморанд. Муовини раиси вилоят ҳамроҳи мутахассисон ҳамчунин бо вазъи Дашти Хубуст, ки дар болои деҳаи Басид ҷойгир мебошад, шинос шуданд.
Сокинони деҳаи Басид, ки аз камзаминӣ ранҷ мебаранд ва ҳамасола аз резиши сангу тарма зарар мебинанд, умед доранд бо барқарор гардидани ҷӯйбори Хубуст соҳиби масоҳати бештари замини кишоварзӣ гардида, вазъи зиндагониашон беҳтар мегардад. Аз рӯи гуфти мутахассион аз 300 гектар замини доманакӯҳи ин ҷо 80 гектари онро корам намудан имконпазир мебошад. Ҳангоми омӯзиши вазъи иншооти обрасон ба мутахассисони раёсати беҳдошти замин ва оби вилоят супориш шуд, ки ҳар чӣ тезтар ҷӯйбори асосии деҳаи Ғудараро барқарор намоянд. Мутахассисон муайян сохтанд, ки барои бартараф намудани сангҳои калони ба ҷӯйбор ғалтида 15 метри кубӣ корҳои таркиширо анҷом додан лозим меояд. Намояндагони ташкилоти кумакрасони «Глобал партнерс» дар навбати худ пас аз омӯзиши вазъ ба хулоса омаданд, ки дар мадди аввал барои барқарорсозии каналҳои деҳаҳои Пасор ва Бопасори водии Бартанг кумак расонанд, зеро тақдири заминҳои кишт ва гилкорӣ барои сохтмон дар ин ҷо пурра ба оби канал вобаста мебошад.
Намояндагони ташкилоти «Фокус» низ омодагии худро барои кумак ба ин мардум баён доштанд. Ҳайати комиссия, ки ба он муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Салимзода шомил буд, манзилҳои зарардидаи деҳаи Савнобро баҳогузорӣ намуд. Аз заминларзаи шадиди моҳи декабри соли гузашта бештар аз ҳама сокинони деҳоти Ғудара, Пасор, Бопасор ва Рухч зарар диданд. Ҳайати комиссия дар ин деҳот ҳаҷми зарари аз заминларзаҳои такрорӣ ба вуҷуд омадаро санҷида, ба хонаводаҳои алоҳидаи зарадида вобаста ба ҳаҷми зарар расондани кумаки иловагии масолеҳи сохтмониро ба нақша гирифт.
Ҳоло кашондани семент ба деҳоти аз офат зарардида идома дошта, то охири моҳ ҳамаи 792 тонна сементи барои сохтмони манзилҳо пешбинишуда дастраси зарардидагон гардонда мешавад. Қаблан намудҳои дигари масолеҳи сохтмонии зарурӣ, аз ҷумла 660 метри кубӣ тахтаи диаметраш ҳархела дар маҷмӯъ 33 ҳазору 606 дона, 118 тонна арматура, 16 ҳазору 555 метри кубӣ тунука, қариб 8 ҳазор метри мураббаъ ламинат ва рубероид, қариб 4 тонна мех, 375 адад тиреза, пурра бо истифодаи 233 мошини борбар ба маҳалли офат интиқол ёфтанд. Дар баробари масолеҳи сохтмонӣ бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми аз зилзила зарардида қариб 450 тонна ангишт, 468 оташдон, 1377 дудбарои тунукагӣ, 4094 болопӯши гарм ва либос дар ихтиёрашон гузошта шуда, зиёда аз 73 тонна орд ва маводи дигари истеъмолӣ, ба мисли биринҷ, шакар, меваву сабзавот кумак гирифтанд.
Мувофиқи ҳисобот танҳо кумакпулиҳои нақдие, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба зарардидагони офати табиӣ дар водии Бартанг расонидааст, 3 миллиону 273 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Март 10, 2016 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид