Роғун: Кумаки наврӯзӣ ба ятимону ниёзмандон
Роғун, 28.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам дар шаҳри Роғун ба 418 нафар ниёзманду ятимон ва собиқадорони меҳнат аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 18 ҳазору 400 сомонӣ кумакҳои пулӣ расонида шуданд. Ҳамчунин вакили мардумӣ аз ҳавзаи №1- и шаҳри Роғун Маҳмадфариз Сиямардов ба 30 нафар ятимону бечорагон дар арафаи ҷашни Наврӯз ба маблағи 3000 сомонӣ кумак намуд.