Сафорати Ҷопон дар Душанбе семинари иттилоотии GGP доир кард

Март 18, 2016 11:22

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз Сафорати Ҷопон дар мавзӯи “Барномаи кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) дар Тоҷикистон» дар Душанбе семинари иттилоотӣ баргузор кард. Дар он тартибу низом ва талаботи амалӣ гаштани лоиҳаҳои GGP, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор оид ба босамар анҷом ёфтани лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар машварати мазкур беш аз 70 намояндаи созмонҳо иштирок доштанд.
Семинари GGP, ки нахустин бор маҳз дар Тоҷикистон амалӣ гашт, барномаи таълимии техникӣ буда, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии дӯстии Тоҷикистону Ҷопон “Ниҳон-Тоҷ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур барои таъмини иттилоотӣ дар ҳар марҳилаи тартиби кории GGP ва санадҳои зарурӣ мусоидат менамояд.т
Ёдовар мешавем, ки дар семинар кормандони ботаҷрибаи сафорат оид ба бахшҳои мухталифи татбиқи лоиҳаҳо пешниҳоди мушаххас ироа карданд.

Март 18, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд