Ш. Нуралӣ: «Пешвои миллат тавонист, ки мақом ва манзалати ҷашни хусравониро баландтар бардорад»

Март 20, 2016 16:06

Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»).— «Мо аҳли зиё аз ин мулоқот   таассуроти баланд бардоштем. Он баҳогузорие, ки имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадр барои байналмилалӣ гардидани Наврӯз карданд, бисёр асоснок ва қобили қабул буд», -гуфт Шоҳиён Нуралӣ, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пас аз мулоқот ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор шуд.

Ӯ илова намуд, ки ибрози андеша ва баҳогузории иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ нисбат ба ибтикорот ва хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҳамоиши имрӯза, хеле таъсирбахш буд.

«Ин ҳама пешравию зебоипарастии халқи тоҷик ба мо умедҳои нав бахшид. Аз он меболем, ки тоҷикистонӣ ҳастем. Аз он меболем, ки чунин Пешвои миллат дорем. Сарвари   тоҷикони рӯи олам тавонист, ки ҷашни Наврӯзро ба ҷаҳониён васеъ тарғиб карда, мақом ва манзалати ин ҷашни хусравониро баландтар бардорад»-, тазаккур дод Шоҳиён Нуралӣ.

Март 20, 2016 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад