Ширкатҳои бонуфузи Аврупою Осиё маҳсулоташонро дар Душанбе муаррифӣ менамоянд
Душанбе, 15.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Фардо дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар «Кохи Борбад»-и Душанбе сеюмин намоишгоҳи байналмилалии сохтмон ва неруи барқ оғоз мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори ширкати байналмилалии намоишгоҳии «Expo Central Asia» ва дастгирии расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои марбутаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз ширкати «Expo Central Asia» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар сеюмин намоишгоҳи байналмилалалии сохтмон ва неруи барқ беш аз 30 ширкати сохтмонию интерйерӣ аз 20 кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Дания, Олмон, Юнон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Туркия, Украина, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон ширкат менамоянд.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ бузургтарин ширкатҳои тавлидотии кишварҳои Аврупою Осиё маҳсулоти сохтмонию интерйерӣ ва таҷҳизоту технологияҳои муосири марбут ба неруи барқро ба намоиш мегузоранд. Ҳамзамон дар назар аст, ки дар ҷараёни баргузории намоишгоҳ миёни ширкатҳои тавлидотӣ қарордоди ҳамкорӣ баста шавад. Намоишгоҳ то 18 март идома меёбад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






