Сохтмони 10 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷомӣ
Қурғонтеппа, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар).- Дар доираи тайёрӣ ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолиятии давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ анҷоми сохтмони 10 иншоот дар назар аст. Тавре ки мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Саъдулло Исматов ба АМИТ Ховар иттилоъ дод, дар доираи ҷашни мазкур дар назар аст бинои 4 мактаб ба истифода дода шавад. Ҳамзамон бо иқдоми соҳибкорони маҳалли сохтмони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома дорад.
Ба иттилои манбаъ аксари иншоот дар деҳот сохта мешаванд.