Вазири корҳои дохилӣ — «Мардумитарин вазири тоҷик»

Март 15, 2016 09:26

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховап»).- 14 март намояндаи ҳафтаномаи «СССР» Ҷамила Ҳусейнова ба Вазорати корҳои дохилӣ омада, ҷоизаи «Мардумитарин вазири тоҷик»-ро бо туҳфаи рамзии «СССР» ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро супорид.
Ҷоизаро роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума қабул намуда, аз номи вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати таҳририяи ҳафтаномаи «СССР», хусусан ба сардабири он Сайёфи Мизроб ва кулли хонандагони ҳафтанома изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҳафтаномаи «СССР» аз маъруфтарин ҳафтаномаҳои кишвар буда, барои рушди фазои иттилоотӣ, ҳақиқатнигорона дарҷ намудани матолиб ва баррасии мушкилоти мардум саҳми назаррас дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳа-озмуни «Мардумитарин вазири тоҷик кист?» аз 1 декабри соли 2015 роҳандозӣ гардида, ба шаҳрвандон имкон дода шуд, ки дар тӯли 3 моҳ аз байни 14 вазир мардумитарин ва дастрастарин вазири хешро интихоб намоянд.
Натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоб дар тӯли 3 моҳ ҳар ҳафта дар саҳифаҳои рӯзномаи «СССР» дарҷ гардида, паёму навиштаҳои сокинони кишвар дар бораи фаъолияти ин ё он вазир низ пайваста ба нашр мерасид.
Ба назардошти ҷамъбасти СМС-паёмакҳо ва зангҳои телефонӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гирифтани 2021 овоз дар лоиҳа-озмуни мазкур сазовори ҷои 1-ум гардид.

Март 15, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад