Як зиндони толибон дар Ҳилманд тасарруф гардид

Март 23, 2016 08:55

Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Неруҳои Артиши миллии Афғонистон дар ҷараёни амалиёти низомӣ як зиндони марбут ба гуруҳи террористии Толибонро дар вилояти Ҳилманд тасарруф карданд.
Бино ба иттилои вазорати мудофиаи Афғонистон, ин амалиёт шаби душанбе дар минтақаи Наҳри-Сироҷи Ҳилманд, ки он ҷо Толибон зиндони махсус ташкил кардаанд, роҳандозӣ шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт 7-нафар аъзои гурӯҳи Толибон бо шумули 7-нафаре, ки худро дар амалиётҳои террористӣ бояд инфиҷор медоданд, ба қатл расиданд. 16-нафари дигар, ки тавассути Толибон дар зиндон нигаҳдорӣ мешуданд, озод гардиданд.
Вазорати мудофиаи Афғонистон дар мавриди шахсияти зиндониён то ҳол иттилоъ пахш накардааст. Ҳамчунин дар натиҷаи амалиёти мазкур ба неруҳои Артиши миллӣ муяссар гардидааст, ки миқдори зиёди таҷҳизоти низомии террористонро ба даст оранд.
Гуфта мешавад дар ин амалиёт аз неруҳои Артиши миллии Афғонистон касе осеб надидааст.

Март 23, 2016 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад