“Аввал инсон бошем”, “Навро ҳаловатест дигар”, “Рашк” –у “Макр”-и Юсуфӣ – шарҳи матбуот

Апрель 21, 2016 15:11

Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.  “Тоҷикистон  ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад” – бо ин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии нашрияи расмии “Ҷумҳурият” аз 19-юми апрели соли равон чоп шудааст. Вобаста ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22-юми майи соли равон гузаронида мешавад, мақолаи раиси Суди ноҳияи Шаҳритуз Холмурод Зуҳуриён бо сарлавҳаи “Фарзандон дар нигоҳубини волидон масъуланд” дар ҳамин шумораи нашрия дарҷ гардидааст. Муаллифи мақолаи “Аввал инсон бошем”, ки дар саҳифаи дуюми “Ҷумҳурият” чоп шудааст, навиштааст: “Аз дидани манзараҳои мудҳиши қатлу ғорати инқилобгароёни афроди ба ном мусулмон кас ба доми андеша фурӯ меравад ва ба пурсиши “чаро?” посухе дарёфт карда наметавонад. Оё дар ягон кутуби динӣ ва ё оини инсонгарӣ сабт шудааст, ки бародар ба сари бародар танҳо ба хотири тафовуте бар мазҳабу дин теғ кашида бошад?”. Муҳтавои шумораи рӯзи чоршанбеи “Ҷумҳурият” аз мақолаҳои “Иқдоми нав”, “Шамсиддини Шоҳин. Номи нек шарофат дорад”, “Кооперативҳои истеҳсолӣ”, “Марзбонӣ”, “Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар сол биёяд!”, инчунин хабарҳо дар бораи бунёди 25 гектар боғ дар ноҳияи Дарвоз ва 25 иншооти нав дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати 25 — солагии Истиқлолият, шиносоии соҳибкорони рус бо фаъолияти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва дигар гузоришҳо иборат ёфтааст. Дар шумораи имрӯзаи “Ҷумҳурият” (21 апрели соли 2016 №77) мусоҳибаи хабарнигори нашрия бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар таҳти сарлавҳаи “Тафаккури ифротгароии динӣ ва хатари он ба идеологияи миллӣ” дарҷ гардидааст. Дар мусоҳиба бо далел таъкид шудааст, ки пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хиёнати нобахшиданӣ ба Ватану миллат мебошад. Мақолаҳои  танқидии “Савдои кӯча. Кӣ бояд онро назорат кунад?”, “Таҷрибаомӯзӣ. Чаро ба он муносибат ҷиддӣ нест?” ба масъалаҳои муҳими рӯз бахшида шудаанд. Мақолаи  “Қонуни миллӣ. Самараи 9 соли фаъолият”, ки ба муносибати солгарди қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” навишта шуда, қонуни мазкурро ҳамчун дастоварди даврони истиқлол муаррифӣ намудааст, аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳад шуд.

Шумораи рӯзи сешанбеи (аз 19-уми апрели соли равон) нашрияи парлумонии “Садои мардум” ҷараёни ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро бо сарлавҳаи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати нав илова гардид” инъикос кардааст. Бахшида ба Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ дар шумораи мазкури нашрияи парлумонӣ мусоҳибаи роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додозода таҳти сарлавҳаи “Дар ҷумҳурӣ 3239 участкаи раъйдиҳӣ амал мекунад” ва гузориши матбуотии “Рашт ба раъйпурсӣ омода аст” чоп шудааст. Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (21 апрели соли 2016) хабарҳои расмӣ оид ба мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии ширкати байналмилалии “Гленкор”-и Швейтсария Айван Глазенберг, вохӯрии  Раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси ҶИЭ доктор Алии Лориҷонӣ, машварати раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё дар Маскав ва матни суханронии Ш.Зуҳуров дар ҷаласаи умумии Машварати якуми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё дарҷ гардидааст. Мақолаҳои “Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд”, “Теъдоди занони нашъаманд аз 305 ба 189 нафар коҳиш ёфт”, “Саёҳат дар соҳили  Аму” ва номаи хонанда бо номи “Кодекси нафақа ниёз ба такмил дорад” дар ин шумораи “Садои мардум” чоп шудаанд.

“Народная газета” — нашрияи русзабони кишвар чун анъана рубрикаи ҷолиби худро, ки аз фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тавзеҳот хабарҳои муфассалро пешкаши хонандагон месозад, чоп карда, гузориши муфассали С.Иззатуллоевро аз фаъолияти босамари корхонаҳои саноатии вилояти Суғд бо далелу рақаму аксҳо пешкаши хонандагон намудааст.

Нашрияи узбекзабони «Халқ овози» аз мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии ширкати байналмилалии «Гленкор»-и Швейтсария (Glencore International AG) Айван Глазенберг, тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ хабарҳои расмӣ интишор намуда, ҳамчунин дар саҳифаи якуми нашрия хабарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии як ҳафтаи охири мамлакатро дарҷ кардааст. Мақолаи вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Аслов «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ» ва мақолаҳои муаллифон Ё. Абдуманонзода, И. Маҳмадалиев, Г. Аюпова, Ҳ. Боев,  В. Кастилин, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти имрӯзаи кишварро дар бар гирифтаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон “Адабиёт ва санъат” андешаҳои директори АМИТ “Ховар” Саидалӣ Сиддиқро, ки дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавӣ бо аҳли зиё навишта шудаанд, бо сарлавҳаи “Навро ҳаловатест дигар” чоп намуда, дар саҳифаи назм шеърҳои Ато Мирхоҷа, Муфаззали Аҷамрод ва дар саҳифаи наср ҳикояҳои хурди Юнус Юсуфиро бо номҳои “Рашк”, “Макр”, “Печак”, “Астаранг” ва ”Анори Фарҳод” пешкаши мухлисони ҳафтанома намудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Омӯзгор” аз олимпиадаи даставии хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисиву русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, химия, физика, биология, математика, ки рӯзҳои 16-17 апрели соли равон дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор баргузор шудааст,  гузориш чоп кардааст. Мақолаҳои “Зиракии сиёсӣ аз дарки дурусти ҳодисаҳо ҳосил мешавад”, “Зарурати воқеӣ”, “Минтақаи Кӯлоб: Фаъолияти кӯдакистонҳо беҳбудӣ мехоҳад” ва дигар матлабҳои ҷолиб аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.

 Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мақолаҳои “Салафия манбаи ифротгароӣ”, “Воридоте, ки истеҳсолотро мекушад”, “Ҳизбҳои мазҳабӣ низоъоваранд”-ро нашр карда, таҳти сарлавҳаи “Қаҳрамонони “Шоҳнома” дар ду саҳифа ба таври ранга силсилабандии таборшиносии номоварон дар достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз Каюмарс то Искандарро чоп намуда, аз хонандагон даъват кардааст, ки зимни номгузорӣ ба тифли навзод аз номи қаҳрамонони “Шоҳнома” истифода баранд.

“Нигоҳ” — нашрияи созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” мақолаи “Нархи нафт боз поён рафт, нархи бензин кай поён меравад?”— ро чоп карда, ҷавобияи С.Нуриддинов — раиси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарлавҳаи “Лаҷомзании адвокатураи тоҷик норавост”, ҳамчунин вокуниши муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Б.Азиззодаро ба мақолаи қаблан дар “Нигоҳ” чопшуда, нашр кардааст. Шеърҳои Муҳаммад Алии Даштиҷумӣ низ дар ҳамин шумораи “Нигоҳ” чоп шудаанд.

“Фараж” дар шумораи навбатӣ мақолаҳои “Темур Зулфиқоров дар Тоҷикистон мемонад?”, “Таҳдидҳои “Давлати исломӣ” ба бозиҳои олимпӣ”, “Бозиҳои сиёсӣ дар минтақа” ва дигар матлабҳои ҷолибро пешкаши мухлисони худ кардааст.

Ҳафтаномаи “Миллат” мақолаи Додарбеки Сайдалиро бо номи “Озодӣ” ба номаш созгор нест” чоп кардааст. Муаллиф аз ҷумла дар бораи радиои “Озодӣ” навиштааст: “Агар дақиқ ва ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунем, “Озодӣ” ҳеҷ гоҳ аз низоми сиёсии дунявӣ дифоъ накардааст ва мудом дар пайроҳаи сохтани фазои дарҳамбарҳамӣ қадам мезанад ва саранҷом сабаби ноамнӣ ва бесуботӣ мегардад…”.

Нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” мақолаи номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов “Меъмори давлати миллӣ”-ро, ки дар робита ба китоби тозанашри “Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат” навишта шудааст, чоп карда, аз фаъолияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хабару гузоришҳо ва мақолаҳои таҳлиливу танқидиро пешкаши хонандагон намудааст. Зери рубрикаи 25 иқдоми бузург мақолаи И.Тоҳир “Рушди маориф дар даврони истиқлол”, инчунин идомаи мақолаи А.Шамолов “Таъсири геополитика ба Осиёи Ҷанубӣ ва паёмадҳои он” дар ҳамин шумораи нашрия дарҷ гардидаанд.

Апрель 21, 2016 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
Дар Суғд саҳми шуроҳои ҷамъиятиро дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад