“Истиқлол” ва “Хуҷанд”- пешсафони Лигаи олӣ
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии чемпионати мамлакат дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 9 имтиёз дар ҷойҳои аввали ҷадвал қарор доранд.
Дар бозии дербии вилояти Суғд дирӯз ду дастаи ин вилоят- “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам вохӯрданд.
Дар қисми дуввум ба ҳамлагари хуҷандиҳо Фарҳод Тоҳиров муяссар гардид, ки дар дақиқаи 70-ум тӯби ягонаро ба дарвозаи меҳмонон зада, «Хуҷанд»-ро дар севумин бозиаш дар мавсими соли 2016 ба ғалаба комёб гардонад.
“Вахш”-и Қурғонтеппа дар бозии сафарии худ қариб буд “Ҳосилот”-и Фархорро дар назди мухлисони сершумораш ба мағлубият рӯ ба рӯ кунад, аммо соҳибони майдон бо кӯшиши зиёд ноқисии ду голро дар қисми аввал барҳам зада, дар нимаи дуввум бо ҳисоби 3:2 ба пирӯзӣ сазовор шуданд. Ин аввалин имтиёз дар “кӯшиш барои ғалаба”-и “Ҳосилот” аст.
Дар варзишгоҳи марказӣ дастаи “Барқчӣ” бар “Равшан”-и Кӯлоб бо натиҷаи 2:0 зафар ёфт.
“Хайр”-и Ваҳдат ва КМВА “Помир” бозиашонро мусовӣ 0:0 ҷамъбаст карданд.
Дар байни нишонзанҳои беҳтарин Манучеҳр Ҷалилов бо 4 гол пешсаф мебошад.








Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд






