Мусовие, ки арзиши ғалабаро дошт
Душанбе, 29.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон баъди мусовии 1 бар 1 бо тими мунтахаби Қирғизистон дар бозиҳои минтақавии Чемпионати Осиё байни духтарони то 14-сола, ки дар мамлакат идома доранд, ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар гурӯҳи А имрӯз инчунин дастаи мунтахаби Эрон баъди пирӯзиаш бар Бутан бо натиҷаи 7 бар 0 озими бозиҳои нимниҳоӣ шуд.
Ҳамин тавр дар гурӯҳи «А» тими мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввал, дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз мақоми дуввумро касб карданд. Бутан бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин чорум қарор гирифтанд.
Дар гурӯҳи Б тими мунтахаби Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дувум ва Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.
Акнун дар бозиҳои нимниҳоии мусобиқоти минтақавии Чемпионати Осиё-2016 миёни бозингарони то 14-сола рӯзи шанбе дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Бангладеш дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе ва тимҳои Эрон бо Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор вориди майдон мешаванд.








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






