Низоми бонкии кишвар дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳони муосир

Апрель 4, 2016 17:28

Душанбе, 4.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳолати низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳони муосир», дар ин мавзӯъ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.

Тавре ки аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс  раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои имрӯзаи идоракунии он», иқтисодчии намояндагии доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ  Муҳаммадӣ Бобоев дар мавзӯи «Вазъи макроиқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамо ва рушд», ходими пешбари шуъбаи таҳқиқотҳои назариявӣ ва таърихи иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Давлатов дар мавзӯи «Осебпазирии низоми бонкии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Шариф Раҳимзода зимни суханронии худ доир ба дурнамои сиёсати иқтисодии кишвар, сатҳи таваррум, рушди номуназзами иқтисод ва устувории пули миллӣ изҳори андеша намуд.

Конфронс дар бахши молия, андоз ва фаъолияти бонкӣ ва бахши таҳлил ва идора дар иқтисодиёт доир гардид. Иштирокдорон роҷеъ ба масъалаҳои роҳҳои самаранок истифодабарии қарзҳои бонкӣ дар шароити имрӯза, механизмҳои асосии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити имрӯза ва роҳҳои такмилдиҳии маблағгузории буҷети давлатӣ маърӯзаҳо намуданд.

Апрель 4, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид