Рашт: Баргузории корҳои тарғиботӣ бо беш аз 58 ҳазор нафар раъйдиҳанда
Рашт, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22- майи соли равон чорабинии муҳими давлатӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат баргузор хоҳад шуд. Аҳолии ноҳияи Рашт нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгӯкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ба он ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Ҳоло дар 67 участкаи раъйдиҳӣ корҳои омодагию фаҳмондадиҳӣ хуб роҳандозӣ шуда, аҳолии ноҳия нисбат ба ин чорабинии сиёсӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Тибқи иттилои раиси Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии ноҳияи Рашт Холмаҳмад Ортиқов 67 участкаи раъйдиҳии ноҳия бо қонуну дастурамалҳо, саволу ҷавоб, маводи дафтардорӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин карда шуда, гурӯҳҳои кории Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо 58 ҳазору 808 нафар раъйдиҳандагон вохӯриҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ баргузор намуда истодаанд.