Шашумин Суперҷоми «истиқлолиҳо»
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар баробари «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои комёб шудан ба Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2016 вориди майдон шуд ва бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард.
Ҳавои боронӣ ва майдони сероб ба бозии ҳар ду даста таъсири худро расонида бошад, ҳам тамошобинон аз ҳунарнамоии ҳар ду даста қаноатманд шуданд. Тақрибан 4 000 мухлис ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар ду дастаро ташвиқу тарғиб мекарданд.
Легионери украинии дастаи Истиқлол Александр Каблаш дар ин рақобат аз ҳама беҳтар буд ва маҳз тавассути ду голи задааш «Истиқлол»-ро ба муроду мақсад расонд. Тӯби аввалинаш дар дақиқаи 13 ум ва дуввумаш дар дақиқаи 82-ум вориди дарвоза шуд. Як голи дигарро аз дастаи «Истиқлол» муҳофизатгари даста Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонд.
Аз дастаи «Хуҷанд» Фарҳод Тоҳиров (11-метра) ва Дилшод Каримов муаллифи голҳо шуданд.
Дар поёни мусобиқа роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат, ФФТ ва шаҳри Турсунзода ба ғолибон Суперҷом ва медалҳои тиллою нуқраро ҳадя карданд.
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ Александр Каблаш, легионери «Истиқлол» эълон гардид. Ба ҳамин тариқ «Истиқлол» маротибаи шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






