«Тоҷикстандарт»-и Хатлон 700 дона лампаҳои тафсонро аз фурӯш боздошт
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон ҳолати риоя нагардидани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ошкор намуданд.
Тавре роҳбари марказ дар вилояти Хатлон Диловар Пирназарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 20 апрели соли равон зимни гузаронидани назорати давлатӣ дар анбори яклухтфурӯшии молу маҳсулот, ки ба соҳибкори инфиродӣ Рустам Мусоев, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ тааллуқ дорад, 700 дона лампаҳои тафсон аз фурӯш боздошта шуд.
Ҳамзамон нисбат ба ин соҳибкор тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






