Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ
Душанбе, 15.04.2016, /АМИТ «Ховар/. Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки донишҷӯён бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Абдулҳай Маҳмадаминов, профессори кафедраи назарияи адабиёти навини форсу тоҷики ДМТ дар мавзӯи «Маводи пурқиммат оид ба фаъолияти устод Айнӣ» маърӯза карда, аз ҷумла гуфт: «Агар осори боқимондаи устод Айнӣ аз бойгониҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла Санкт Петербург, Бухоро, Самарқанд, Тошканд гирдоварӣ карда шаванд, як ганҷинаи бебаҳои мероси фарҳангӣ фароҳам меояд».
Инчунин профессор Баҳриддин Камолиддинов дар мазӯи «Нозукадоии Садриддин Айнӣ», Мастура Абдураҳмонова дар мавзӯи «Сермаъноии ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа дар «Куллиёт»-и С.Айнӣ», М. Ҳайдаров дар мавзӯи «Калимаҳои шоирона дар ашъори адибонаи С.Айнӣ» ва Малика Юлдошева, ассистенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саҳми устод Айнӣ дар ташаккули истилоҳоти тиббӣ» маърӯза карданд. Малика Юлдошева зикр кард, ки дар ёддоштҳои Устод Айнӣ дар баробари истилоҳоти дигари илмӣ аз истилоҳоти тиббӣ низ фаровон истифода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати дуюм маърӯзаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Донишварз»-и Донишгоҳи давлатии Данғара, дотсент Қутбиддин Мухторӣ дар мавзӯи «Махсусияти луғавӣ-услубии жанрҳои иттилоотӣ», дотсент Моҳира Мирзоева, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ дар мавзӯи «Муродифоти гуногунсатҳ дар осори С. Айнӣ», дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ Санавбар Низомова, дар мавзӯи «Сифатҳои мураккаби ифодакунандаи хислату рафтор ва ҳолати зоҳирии одамон дар повести «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ» ва чандин омӯзгорони дигар шунида шуданд.
«Мақсади конфронси имрӯза ёдоварӣ аз руҳи Устод Айнӣ мебошад, зеро хизмате, ки ӯ барои халқи мо кардааст, хеле бузург аст. Масалан «Намунаи адабиёти тоҷик» гувоҳи барҳақи ин гуфтаҳост»,- зикр намуд Матлуба Мирзоева, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ.








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд






