«Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар ҳошияи Рисолаи илмии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Наврўзи оламафрўз китоби Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» чоп шуда, пешкаши мардум гардид, ки онро метавон махсусан туҳфаи хубу арзандае барои аҳли илму фарҳанг ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобид.
Ба баррасии таърихи забони тоҷикӣ даст задани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати воқеии забоншиносии таърихӣ мебошад, зеро масъалаҳои бисёр муҳиме дар масири таърих аз сари забони тоҷикӣ гузаштаанд, ки онҳо ба бозкушоӣ ва таҳқиқи ҳаматарафаи илмӣ ниёз доранд. Маҷмуан дар ин китоб саҳифаҳои номакшуфи ҳаёти забони тоҷикӣ бо диди нави илмӣ баррасӣ гардидаанд. Муҳимияти тадқиқот дар ин аст, ки то имрўз асари нисбатан ҷамъбастие, ки дар он ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шуда бошад, вуҷуд надорад. Асари мазкур дар зоти худ ягона буда, тамоми шебу фарозҳои давраҳои гуногуни тараққиёти забони тоҷикиро фаро мегирад ва бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳми тоҷикӣ навишта шудааст, ки барои ҳамаи мардум дастрас аст. Масалан, як мисол меорам, ки дар аввали китоб оварда шудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Мундариҷаи рисола аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса ва китобнома иборат аст. Зимни мутолиаи китоб чанд масъала диққатҷалбкунандаанд, ки онҳоро ба таври кўтоҳ чунин овардан мумкин аст:
I. Таҳлилҳо хронология ва пайдарҳамии зуҳури воқеаҳои таърихии марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиеро нигоҳ медоранд, ки ба ҳолати ин ё он давраи забони тоҷикӣ таъсир расонидаанд. Инро аз рўйи мундариҷаи кор хуб мушоҳида кардан мумкин аст, ки бобҳои он чунин аст:
Боби 1. Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ.
Боби 2. Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ.
Боби 3. Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор.
Боби 4. Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин.
Боби 5. Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ.
Боби 6. Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ.
II. Хусусияти дигари кор аз он иборат аст, ки дар асар воқеияти таърихи забони тоҷикӣ бо далелҳои муътамад нишон дода шудааст.
III. Осори илмии шарқшиносони Шарқу Ғарб (ватанию хориҷӣ) доир ба забону адаби миллати тоҷик то замони зуҳури муғулҳо омўхта шуда, бо маҳорати баланди илмӣ таҳлил шудаанд. Зимни истифодаи осори муаллифони гуногун андешаҳои онон таҳлил шуда, дар радифи онҳо ақидаҳои нави илмӣ пешниҳод мегарданд, ки дараҷаю ҷанбаи илмии рисоларо муқтадир менамояд.
IV. Рисола ба ақидаҳои гуногуни баҳсталаб (аз ҷумла пайдоиши тоҷикон ва забони тоҷикӣ, аз Шарқ ба Ғарб паҳн шудани забони тоҷикӣ ва ё баръакс) бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ равшанӣ меандозад. Марзу буми таърихие, ки забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун фаро гирифта буд, бо ҷалби маводи илмӣ тарҳрезӣ гардидааст. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки дар замони Салҷуқиён забони тоҷикӣ аз баҳри Миёназамин то ҳудуди Чин забони байналхалқӣ буд.
V. Рисоларо ба ҳайси энсиклопедияи осори адабӣ ҳам муаррифӣ кардан мумкин аст, зеро дар он асарҳои адибон ва донишмандони садаҳои VII-XII дар шакли илмӣ таҳлил мешаванд. Ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии удабо ва фозилону донишмандони аҳди Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Ғуриёну Хоразмшоҳиён бо диди нави илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Датовардҳои илмие, ки дар ин давраҳо ба вуҷуд омадаанд, дар асари мазкур таҳқиқ гардида, таъсири ин дастовардҳо ба истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти забони тоҷикӣ, аз қабили истилоҳоти фалсафа, нуҷум, забону адабиёт, риёзиёт, ҷуғрофия, тибб ва ғайраҳо бо далелҳои раднопазир нишон дода мешаванд.
VI. Ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ аз диди нав бо истифода аз сарчашмаҳои боварибахш тадқиқ шуда, муборизаи оштинопазири абармардони миллати тоҷик, аз қабили Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак ба муқобили аҷнабиён, барои нигаҳдории сарзамин, хонаю дар ва номуси миллию ватандорӣ чун рамзи ватанпарастӣ талаққӣ мегарданд.
VII. Зимни баррасии ҳар давраи таърихӣ забони ҳамон давра матраҳ шуда, осори мавҷуда ва хате, ки ин осор бо он таълиф шудааст, ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад. Аз ҷумла, доир ба забони матнҳои «Ведо» ва «Авасто», пайдоиши калимаи ориё, тоҷик ва муродифоти онҳо, гимнҳои «Ригведа» ва муносибати он ба забонҳои тоҷикӣ, осори давраи миёна ва нави тараққиёти забонамон бо далелҳо таҳқиқ мегардад.
VIII. Қобилияти бузурги ваҳдатофарии забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик дар китоби Ҷаноби Олӣ чун рамзи ҳамдигарфаҳмии миллӣ талаққӣ мегардад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки «таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кўшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд» (саҳ. 14).
IX. Рисола барои олимон, муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, донишҷўёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ чун обу ҳаво зарур аст.
С. Раҳматуллозода
директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, доктори илми филология, профессор.








ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд






