Оҳангсоз аз Эрон: «Шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд»
ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 12 то 14 май дар Тоҷикистон бо иштироки олимони санъатшинос ва ҳунармандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардид.
Яке аз иштирокчиёни ин фестивал- сарпараст ва оҳангсози гурӯҳи мусиқии «Ҳаннонӣ» аз Эрон Комрони Ҳимматпур мебошад. Ӯ иброз дошт, ки шоҳиди он гардидааст, ки шашмақомсароёни тоҷик хеле садои дилнишину оромбахш дошта, дар фосилаҳои садоии созҳои ин жанр бартарӣ доранд. «Баъзан барои иҷрои як бахши кӯчаки дарунӣ як ҳунарманд то сӣ дақиқа бе танаффус овоз мехонад», -гуфт ӯ.
Оҳангсоз аз Эрон баён дошт, ки шашмақом фақат навохтану хондани одӣ нест, он аз парда — танбӯр ва усул — доира иборат аст. «Тавре огоҳ гаштем, дар Тоҷикистон он аз шаш мақом: «Бузург», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат буда, дар пардаҳои дастаҳои танбӯр эҷод шудааст. Сарояндагони тоҷик онро моҳирона иҷро мекунанд, ки ба андешаи ман, ҳунармандони тоҷике, ки аз пардаю усули ин жанр бохабар ҳастанд, инсони хушбахт ба ҳисоб мераванд», -гуфт ӯ.
Мавсуф иброз дошт, ки шашмақомсароёни тоҷик ба мазмуни матну оҳанг диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ба он ворид мешаванд, то дар сурати иҷро ва интихоби дуруст эъҷози ин мусиқии арширо бозтоб диҳанд. «Тавре шоҳид шудем, матни сурудҳои шашмақом аз осори шуарои классик- аз Рӯдакӣ гирифта то Нақибхон Туғрал гулчин шудааст» -мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар Эрон ин мусиқиро дастгоҳ ном мебаранд, ки аз 5 овози фаръӣ ва чанд дастгоҳ иборат аст: «Шур», «Моҳур», «Ростпандгоҳ, «Сегоҳ», «Чаҳоргоҳ» ва «Наво».
Шашмақом мусиқии анъанавии мардуми тоҷик буда, таърихи қадимӣ ва ғанӣ дорад. Онро ганҷинаи бебаҳои миллат, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ном мебаранд. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, ба худ дунёи пур аз маърифату маънӣ мегирад. Ба андешаи сарояндагони ин санъат, «шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад».
Шашмақом, ки яке аз мусиқиҳои қадимӣ ба ҳисоб меравад, дар миқёси байналмилалӣ нуфузу эътибори хоссаро доро гардидааст. 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд
Имрӯз муассисаҳои фарҳангии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар тарбияи сарояндагони касбии ҷавон ва эҳё намудани мусиқии суннатии шашмақом саҳми назаррас доранд.
Ин мероси мусиқии суннатии тоҷик давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ рушду мукаммал гардида, аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол ёфтааст. Имрӯз ҳифз кардану таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар фарди соҳибфарҳанги мамлакат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд






