Абдулғафур Орзу: CASA-1000 омили тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот дар минтақа аст

Май 12, 2016 15:16

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.
CASA-1000 аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дарбар мегирад.
Ба андешаи Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу Лоиҳаи CASA-1000 танҳо як лоиҳаи иқтисодии энергетикӣ набуда, он паёми нуру рушноӣ мебошад. «Лоиҳаи мазкур сабаб мешавад, ки байни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон ва шояд дар оянда Ҳиндустон як ҳамгироии манофеи миллӣ ба вуҷуд ояд.
Ҳар қадар манофеи миллию иқтисодии ин кишварҳо ба ҳамдигар наздик бошад, ба ҳамон таносуб дар минтақа сулҳу субот ба вуҷуд меояд. Афғонистон як кишвари тиҷоративу транзитӣ буда, мо хушҳолем, ки CASA-1000 аз тариқи Афғонистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон интиқол мешавад. Аз ҳамин сабаб ин лоиҳа — лоиҳаи хеле бузург барои мардуми афғон ба шумор меравад. Мо хурсандем, ки Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон метавонад энергияи барқро ба дигар кишварҳо интиқол диҳад. CASA-1000 танҳо лоиҳаи иқтисодӣ нест, он омили тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот дар минтақа ва фардои равшан барои ҳамаи кишварҳои минтақа аст»,-илова намуд доктор Абдулғафур Орзу.
Яке аз музокиракунандагони аслии ин лоиҳа дар 8 соли гузашта, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Мустафо Мастур мегӯяд, ки лоиҳаи минтақавии CASA-1000 як лоиҳаест, ки мардуми чор кишварро ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ба ҳам наздик мекунад.
«Мо ҳамкории минтақавиро дар ин лоиҳа шарти асосии кумакҳои чандҷониба медонем. Мо субот дар минтақа ва дифои иқтисодиро бисёр муҳим мешуморем. Амнияти Лоиҳаи CASA-1000 барои мо аҳамияти хос дорад. Хушбахтона, масири CASA-1000 масири боамн аст ва Афғонистон кӯшишу талош мекунад, то лоиҳа бидуни ҳеҷ гуна мушкилӣ идома ёбад»,- иброз дошт Муҳаммад Мустафо Мастур.

Лайло Қосимӣ

Май 12, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид