Ҷараёни муташаккилонаи райъпурсии умумихалқӣ дар участкаҳои овоздиҳӣ (АКСҲО)

Май 22, 2016 12:12

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан аз ҷараёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардида, то соати 20-и бегоҳ давом меёбад, хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз якчанд участкаи раъйпурсӣ, ки дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, дидан намуданд.
Тавре ки маълум гардид, дар участкаи овоздиҳии рақами 3 ҳавзаи 3-и ноҳияи Шоҳмансур 620 нафар раъйдиҳанда аз ҳисоби сокинони кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Ҳусейнзода, як қисмати кӯчаи Рӯдакӣ номнавис шудаанд. Участкаи овоздиҳии мазкур дар бинои филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. То соати 11 аллакай 55 фоизи раъйдиҳандагон ба участкаи овоздиҳӣ ҳозир шуда, ба хотири таҳкими давлатдории миллӣ, суботу амнияти ҷомеа ва рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ овози худро доданд.
Дар участкаи овоздиҳии рақами 4 ҳавзаи 3-и ноҳияи Шоҳмансур шумораи бештари раъйдиҳандагон  1 ҳазору 176 нафар номнавис шудаанд, ки аз ин шумора 20 нафар дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ бори аввал иштирок мекунанд. Масъулони участкаи раъдиҳӣ ба онҳое, ки бори аввал дар ин маърака иштирок мекунанд, ба нишони эҳтиром гул ва китоб тақдим мекунанд. Барои гирифтани раъйи беморон, ки шумораи онҳо  дар ин участкаи овоздиҳӣ 23 нафар муайян гардидааст, қуттиҳои сайёр ташкил шуда, дар назар дошта шудааст, ки баъд аз нисфирӯзӣ як гурӯҳ узви участкаи овоздиҳӣ ба хонаи онҳо мераванд. Тавре котиби участкаи овоздиҳӣ Дилбар Бобоева  мутахассиси пешбари Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»-и Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аз субҳ то соати 12-и рӯз аз ин участкаи овоздиҳӣ намояндаи Иттифоқҳои касабаи мамлакат Акбар Қурбонов, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Мирзомурод Бобоев, мушоҳиди миллӣ аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷумъахон Нозилшоев, ҳамчунин намояндагон аз ҳисоби мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндаи Федератсияи Русия Катуппа В.В. аз ҷараёни раъйпурсӣ назорат карда, мушоҳидаҳои худро қайд намуданд.
Дар участкаи овоздиҳии рақами 9, ҳавзаи рақами 3 ноҳияи Шоҳмансур, ки дар бинои мактаби миёнаи рақами 65 ҷойгир аст, 1 ҳазору 301 раъйдиҳандагон аз ҳисоби сокинони кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, Деҳлавӣ, Салтиков-Шедрин ба қайд гирифта шуда, иштироки онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи хеле баланд роҳандозӣ шудааст. Аъзои комиссияи ин участкаи овоздиҳӣ, ки аз омӯзгорони мактаби миёнаи рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансур иборат ёфтааст, ба ҳар як раъйдиҳанда дар доираи тартиби муқарраршуда муомила ва муносибати хубро анҷом медиҳанд.
Дар участкаи овоздиҳии рақами 4 ҳавзаи раъйдиҳии рақами 2 и ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ одамони касбу кори гуногун бо рӯҳияи баланди сиёсӣ ба макони раъйпурсӣ омада, пас аз қайд гузаштан ва гирифтани варақаи раъйпурсӣ бо шиори «Овози ман ҳалкунанда аст!» ба хонаҳои овоздиҳӣ ворид шуда, раъйи худро барои пешравию шукуфоии минбаъдаи миллату давлат медиҳанд.

 

Май 22, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд