ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ин раванд на танҳо бо мушкилоти зиёд, балки бо дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамроҳ буд. Дар маркази ин тағйирот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми барҷаста доранд, ки ҳамчун асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ шинохта шудаанд.
–Сиёсати ҳуқуқӣ шакли махсуси ифодаёбии сиёсати давлатӣ буда, воситаи барасмиятдарории ҳуқуқӣ, таҳким ва татбиқи роҳи сиёсии кишвар мебошад. Он бошуурона ва воҳид буда, пеш аз ҳама, дар Конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи низоми иҷтимоӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ инъикос ёфтааст. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои сиёсати давлати соҳибистиқлолро ташкил медиҳад.
Ташаккул ва рушди сиёсати ҳуқуқӣ дар даврони истиқлолият ба чор давра тақсим мешавад:
- Давраи аввал (солҳои 1990–2010) — аз қабули Эъломияи Истиқлолият (24 августи 1990) то Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994) ва ислоҳоти аввалин. Санади заминавии ин давра Эъломияи Истиқлолият мебошад, ки дар он иродаи халқи Тоҷикистон оид ба бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ифода гардидааст. Изҳорот ва қарорҳои 9 сентябри соли 1991 низ истиқлолияти давлатиро расман эълон карданд.
Яке аз рӯйдодҳои тақдирсози ин давра Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри – 2 декабри 1992) дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд буд. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд ва таҳти раёсати онҳо 74 санади ҳуқуқӣ қабул шуд, ки ба фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Ин иҷлосия нақши муайянкунанда дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ бозид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994) марҳилаи навро оғоз намуд. Тибқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон гардид. Пешвои миллат ин Конститутсияро ҳамчун заминаи пойдори давлатдории миллӣ арзёбӣ карда, дар паёми шодбошии соли 2020 таъкид намуданд, ки он ҷавобгӯ ба талаботи замони нав буда, барои рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои он нақши калидӣ мебозад.
Дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» (8 июни 2007) қабул гардид, ки ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ равона шудааст. Пешвои миллат ин қонунро ҳамчун иқдоми муҳим дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ карданд.
Дар ин давра ислоҳоти ҳуқуқӣ дар соҳаҳои конститутсионӣ, мудофиа, амният, суд ва адолати судӣ нисбатан пеш рафтанд, аммо дар соҳаҳои соҳибкорӣ, молия, андоз, меҳнат ва энергетика проблемаҳои зиёд боқӣ монда буданд, ки ҳалли ҳуқуқиро талаб мекарданд.
- Давраи дуюм (2011–2017) — аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали 2011 «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузорӣ» оғоз мешавад. Ин консепсия ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, истиқлолият, амният, волоияти қонун, такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи 2011) низ дар ин давра қабул гардид, ки ба тарбияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои фарзанд равона гардидааст.
Дар ин марҳила фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба банақшагирии таҳияи лоиҳаҳо, гузаронидани экспертизаҳои илмӣ, зиддикоррупсионӣ ва гендерӣ ворид шуд. «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуданд.
- Давраи сеюм (2018–2023) — аз қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ барои солҳои 2018–2028» маншаъ мегирад. Ин консепсия ба танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешгирии ихтилофот дар қонунҳо, мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, такмили забон ва татбиқи пурраи меъёрҳои ҳуқуқӣ тамаркуз дорад. Он афзалияти зеринро муайян кардааст: ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, шаффофияти мақомоти давлатӣ, мубориза бо коррупсия ва терроризм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ.
- Давраи чорум (аз соли 2024 инҷониб) — бо эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2023) оғоз шуд. Соли 2024 ва аввали 2025 қонунҳои муҳим қабул гардиданд, аз ҷумла «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (3 январи 2024), «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ва дигарон. Дар умум дар 35 соли истиқлол бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат беш аз 400 қонун, 22 кодекс ва 17 ҳазор санади меъёрии зерқонунӣ қабул шудаанд.
Пешвои миллат дар тамоми ин давраҳо ҳамчун ташаббускор ва роҳбари асосӣ амал карда, ислоҳотро ба манфиати мардум, ҳифзи истиқлолият, волоияти қонун ва рушди устувор равона намуданд. Қонуни конститутсионии «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (14 ноябри 2016) хизматҳои беназири Сарвари давлатро дар бунёди давлати муосир расман эътироф намуд.
Ин ислоҳот на танҳо низоми ҳуқуқии миллиро таҳким бахшиданд, балки заминаи рушди демократӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ислоҳоти дохилиро пеш бурданд, балки Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ намуданд. Аз соли 2000 инҷониб Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат 15 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро пешниҳод ва тасдиқ кардааст, ки ба масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, зеҳни сунъӣ ва рушди устувор бахшида шудаанд. Ин ташаббусҳо на танҳо ҳуқуқи байналмилалиро ғанӣ гардониданд, балки меъёрҳои нави ҳуқуқӣ эҷод карданд.
Яке аз дастовардҳои барҷаста – эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028) мебошад, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат дар соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин даҳсола ба ҳалли мушкилоти об дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор равона карда шудааст. Идомаи ин сиёсат Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) буд. Қатъномаи A/RES/77/158 (14 декабри 2022) бо дастгирии 153 давлат қабул шуд ва 21 мартро «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар кард. Дар доираи ин ташаббус дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуда, Фонди эътимодии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд.
Дар дохили ҷумҳурӣ ин ташаббусҳо бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (3 январи 2024) амалӣ гардиданд. Қонун пиряхҳоро ҳамчун объектҳои муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об муайян карда, сиёсати давлатиро дар самти ҳифзи онҳо муқаррар менамояд. Принсипҳои асосӣ – афзалияти нигоҳдории системаҳои экологии марбут ба пиряхҳо, шаффофият, мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ мебошанд. Ин қонун намунаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ дар соҳаи экология гардид ва принсипи эҳтиёткориро дар ҳуқуқи байналмилалӣ таҳким бахшид.
Дигар ташаббуси муҳим – пешниҳоди Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Ин иқдом ба баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими волоияти қонун ва мубориза бо коррупсия равона карда шудааст. Пешвои миллат ҳамчунин дар рушди дипломатияи гуманитарӣ ва «дипломатияи мардумӣ» саҳми калон гузоштанд, ки дар натиҷа бо медали Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, Нишони фахрии ИДМ ва дигар мукофотҳои олӣ сарфароз гардиданд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муносибатҳои ҳамсоягӣ ба сатҳи нав баромаданд. Мулоқоти 31 марти 2025 дар шаҳри Хуҷанд (Наврӯзи ваҳдат) бо иштироки сарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба ҳалли масъалаҳои марзӣ, имзои созишномаҳои шарикии стратегӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мусоидат кард. Ин мулоқот мушкилоти тӯлонии марзиро ҳал карда, сарҳадҳоро аз омили таниш ба рамзи дӯстӣ табдил дод. Ҳамкории Тоҷикистон бо Узбекистон ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд, ки ба рушди тиҷорат, энергетика ва сайёҳӣ замина гузоштанд.
Мактаби сиёсиву давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ намунаи ибрат гаштааст. Ташаббусҳои Пешвои миллат дар ҳалли низоъҳои марзӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ («Осиёи Марказӣ–Чин») ва пешбурди масъалаҳои глобалӣ (об, иқлим, зеҳни сунъӣ) нишон медиҳанд, ки ҳуқуқ ҳамчун воситаи сулҳ, ваҳдат ва рушди устувор амал мекунад. Пешвои миллат бо сиёсати «дарҳои кушод» ва дипломатияи созанда Тоҷикистонро ба аъзои фаъоли 57 созмони байналмилалӣ табдил доданд ва кишварро ҳамчун пешоҳанги ҳалли мушкилоти экологӣ ва гуманитарӣ муаррифӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон Конститутсияи навин, консепсияҳои сиёсати ҳуқуқӣ, қонунҳои муҳим ва 15 ташаббуси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳидро таҳия ва амалӣ намуданд. Ин ислоҳот ба таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат карданд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои глобалӣ саҳми Пешвои миллат дар ҳифзи пиряхҳо, маърифати ҳуқуқӣ ва дипломатияи гуманитарӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Мактаби давлатдории Пешвои миллат ҳамчун намунаи ҳуқуқбунёдӣ, сулҳофарӣ ва пешрафти минтақавӣ боқӣ монда, ба наслҳои оянда илҳом мебахшад.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст






