РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори ЮНЕСКО 21 апрел Рӯзи бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ муқаррар карда шудааст. Бахшида ба ин рӯз ҳамасола дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангии Тоҷикистон конфронсҳо, маҳфилҳои шеърхонӣ ва ҳамоишҳои адабӣ баргузор карда мешаванд.
– Шоир ва нависандаи барҷастаи адабиёти тоҷику форс Муслиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи нақли худи Саъдии Шерозӣ, хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандон будаанд. Таҳсили ибтидоии Саъдӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар пешравии маънавии ӯ ҳиссаи падараш хеле бузург буд. Баъдҳо суханвари бузург борҳо ба хотир меорад, ки чӣ гуна падараш ӯро ба омӯхтани илм, андӯхтани дониш ва ҳурмати муаллимону устодон ташвиқ мекард.
Осори Саъдии Шерозӣ асрҳо дар мадрасаю мактабҳо ҳамчун дастури омӯзиши забону адабиёт тадрис мешуд. Бисёре аз зарбулмасалҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ аз осори ӯ иқтибос шудаанд.
Муҳимтарин осори Саъдӣ «Гулистон» ва «Бӯстон» мебошанд, ки дар қолаби насру назм навишта шудаанд. Бештари ғазалиёти Саъдӣ ошиқона ва васфкунандаи ишқи заминӣ аст. Аз ҷумла, «Гулистон» ва «Бӯстон» ҳамчун китобҳои ахлоқӣ шинохта мешаванд.
Саъдӣ ҳангоми ривояти достонҳои «Гулистон» ва «Бӯстон» ва баёни матолиби ҳакимона аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур доштааст. Дар ҳикоёте кӯтоҳ ӯ тасвири беназир ва пандҳои дилпазир аз хотироту мушоҳидаҳояшро дар бораи қавму миллатҳои гуногун ва расму оинҳои онҳо ривоят мекунад.
Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаю шунидаҳои шоир мебошанд, ки дар сафарҳои кардааш ба даст омадаанд.
Саъдӣ ҳудуди 700 ғазал дорад. Бисёре аз донишмандон бар ин боваранд, ки ғазал дар ашъори Шайх Саъдӣ ба авҷи камол расидааст. Аз ин рӯ, аҳли адаб ба шоир лақаби «Устоди сухан» ва «Подшоҳи сухан» додаанд.
Саъдии Шерозӣ яке аз поягузорони бузурги адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ мебошад. Осори ӯ на танҳо арзиши адабӣ, балки аҳамияти бузурги ахлоқию инсонӣ доранд. Панду ҳикматҳои Саъдӣ то имрӯз барои тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа истифода мешаванд ва номи шоир ҳамчун «Устоди сухан» дар таърихи адабиёти ҷаҳон абадӣ боқӣ мемонад.
Саъдии Шерозӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз адибони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Ӯ ҳам ба назм ва ҳам ба наср асарҳои сершумору пурмаънӣ иншо кардааст. Ба хотири асарҳои бузургаш дар замони зиндагиаш обрӯ, шуҳрат ва мақому манзалат пайдо кард.
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ асарҳояшро ба ду забон нигоштааст: ба забони модариаш – тоҷикӣ-форсӣ ва ба забони арабӣ. Аммо бештари офаридаҳояш бо забони модарияш иншо шудаанд.
То имрӯз ҳар соҳибдил дар ҳар нишасту маҳфил аз гуфтори шакаррези Саъдӣ панде меорад ва андарзи муносиб мегӯяд, ки бо ин дониш ва фаросату маънавияташро ифода мекунад.
Саъдӣ, ки марди донишманд ва бомаърифату ҳунарманд буд, зинаҳои камолотро ба осонӣ тай накарда, балки давоми 30 сол донишу ҳунар омӯхтааст. Баъдан имкон пайдо кард, ки пасту баландиҳои зиндагиро дарк ва онҳоро дар «Гулистон» баён кунад ва барои ояндагон ба мерос гузорад.
Ёдовар мешавем, ки Саъдии Шерозӣ шаби сешанбеи 9 декабри соли 1292 дар бӯстонсарояш аз дунё чашм пӯшида, имрӯз ҳам турбати шоири бузург дар он ҷост. Имрӯз Шероз ва марқади Шайх Саъдӣ зиёратгоҳи мардуми олам гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






