ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дорем, аз 25 то 28 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 доир мешавад, ки иқдоми дигари назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.
— Бо баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор», 2018-2028 Тоҷикистон маротибаи дигар собит менамояд, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши фаъол ва ташаббускор дорад. Дар конфронс намояндагони кишварҳои зиёди минтақа ва ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии бонуфуз иштирок намуда, пешниҳод ва таҷрибаҳояшонро муаррифӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур бо мақсади расидан ба ҳадафҳо ва татбиқи қатъномаҳо доир мегардад. Аз ин рӯ, саъй карда мешавад, ки бо иштироки ҳама шарикон якчанд чорабинию намоишҳои муҳим дар кишварҳо баргузор карда шавад. Натиҷаи ин чорабиниҳо ба ҷамъбасти пешниҳодҳои мушаххас бо мақсади таҳияи барнома ва лоиҳаи санадҳое, ки дар ин конфронс қабул хоҳанд шуд, мусоидат мекунад.
Баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 чанд ҳадафро фаро мегирад: дар шароите, ки масъалаи дастрасӣ ба оби тоза ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ ба яке аз мушкилоти асосии башарият табдил ёфтааст, баргузории конфронси мазкур аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ин ҳамоиши муҳим, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об буда, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии рушд нигаронида шудааст.
Муҳиммияти конфронс ба татбиқи самараноки ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал бахшида шуда, ҳамчун платформаи зарурӣ барои табодули таҷриба, андеша ва пешниҳодҳои созанда хизмат мекунад. Дар доираи он намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ гирд меоянд, то роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба обро дар сатҳи глобалӣ баррасӣ намоянд.
Яке аз ҳадафҳои дигари конфронс – суръат бахшидан ба иҷрои Ҳадафи 6-уми рушди устувор мебошад, ки ба таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасониҳои санитарӣ равона гардидааст. Бо назардошти он ки миллионҳо нафар дар ҷаҳон то ҳол аз норасоии оби тоза ранҷ мебаранд, масъалаи мазкур дар меҳвари таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор мегирад.
Ҳамзамон конфронс ба таҳкими муколамаи сиёсӣ байни кишварҳо ва минтақаҳо мусоидат намуда, барои таъсиси шарикӣ ва ҳамкории нав шароити мусоид фароҳам меорад. Маҳз тавассути ҳамоҳангсозии талошҳо ва истифодаи иқтидори муштарак имкон аст, ки мушкилоти мураккаби вобаста ба об, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои обӣ ҳал шаванд.
Дар доираи конфронс инчунин ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва роҳҳои инноватсионӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои об диққати махсус дода мешавад. Пешниҳоди таҷрибаҳои беҳтарин ва дастовардҳои илмӣ метавонад заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муассир ва дарозмуддат гардад.
Ҷанбаи дигари конфронс – ҷалби сармоягузорӣ ва тақвияти дастгирии молиявӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳаи об мебошад. Бо назардошти он ки бисёр кишварҳо барои рушди инфрасохтори обӣ ба захираҳои иловагӣ ниёз доранд, баррасии масъалаҳои маблағгузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар маҷмуъ, ҳадафи асосии конфронс аз он иборат аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар атрофи масъалаҳои об муттаҳид гардида, барои таъмини истифодаи оқилона ва устувори ин неъмати ҳаётан муҳим иқдоми мушаххас андешад. Ин ҳамоиш на танҳо чорабинии сиёсӣ, балки қадами муҳим дар роҳи таъмини ояндаи бехатари об барои наслҳои имрӯза ва оянда ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, масъалаи пиряхҳоро ба рӯзномаи ҷаҳонии сиёсати об ва иқлим ворид намуд. Бо пешниҳоди Сарвари давлати мо ва тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Бояд гуфт, ки ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо баланд бардоштани огоҳии аҳолии ҷаҳон дар бораи нақши муҳими пиряхҳо дар системаи иқлими сайёра мебошад. Он минбаъд ҳамасола дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии об (22 март) таҷлил карда мешавад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш соли гузашта дар паём бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об гуфт, ки «мо бояд як ҳақиқати сард ва сахтро дар хотир дорем: ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст. Биёед, якҷоя амал намоем, то барои инсоният ин манбаъҳои яхбастаи ҳаётро ҳифз кунем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, бо таъкиди таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба обшавии босуръати пиряхҳо ва аҳаммияти пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи об ва унсури ҳифзи иқлим дар минтақа иброз намуданд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд».
Тақрибан 70 дарсади оби ширини рӯйи Замин маҳз дар пиряхҳо маҳфуз аст ва обшавии онҳо сарчашмаи бузурги дарёҳои бузург, аз ҷумла Сир, Амударё ва Зарафшон мебошад, ки ҳаёти миллионҳо сокинони Осиёи Марказиро таъмин мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари баландкӯҳ зиёда аз 13 ҳазор пиряхро дар қаламрави худ ҷой додааст, ки тақрибан 8 фоизи ҳудуди онро фаро мегиранд. Яке аз бузургтарин пиряхҳои минтақа — пиряхи Ванҷях дар Тоҷикистон ҷойгир аст, ки бо дарозии беш аз 70 километр дар қатори азимтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон қарор дорад. Ин пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об ба кишварҳои ҳамсоя низ хизмат мекунанд ва нишондиҳандаи аҳаммияти фаромиллии манбаъҳои обии Тоҷикистон мебошанд.
Таҳлилҳои охири илмӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 1300 пирях дар панҷоҳ соли охир комилан об шудааст, ки ба ҳисоби миёна дар як сол ба 26 пирях рост меояд ва ин раванд босуръат идома дорад. Дар ҳолати идома ёфтани чунин тамоюл ҷомеаи башарӣ бо камбуди ҷиддии об, фалаҷшавии соҳаҳои гидроэнергетика ва кишоварзӣ, коҳиши гуногунрангии биологӣ ва ноамнии озуқаворӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани пиряхҳо вазифаи муҳимми байналмилалӣ ва амри таъхирнопазир аст.
Зарурати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар заминаи воқеияти бебозгашт ва нигаронкунандаи обшавии пиряхҳо шакл гирифт. Суръати ин раванд, ки тибқи арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид метавонад даҳсолаҳои наздик ҳаёти садҳо минтақаи ҷаҳонро таҳти хатар қарор диҳад, тақозо мекунад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои фаврӣ андешад.
Дар ин замина нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускори сиёсати об беназир арзёбӣ мегардад. Пешниҳоди эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Маркази байналмилалии омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон гувоҳи амалӣ шудани дурнамои амиқ мебошад. Ин иқдом аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҷаҳон бо гармию самимият пазируфта шуд.
Имрӯз, вақте ки инсоният дар остонаи буҳрони шадиди экологӣ ва норасоии захираҳои обӣ қарор дорад, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, махсусан ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо гувоҳи равшани бетараф набудан нисбат ба сарнавишти инсоният мебошад.
Дар шароите, ки беэътиноӣ ба муҳити зист метавонад пайомадҳои ҷуброннопазир дошта бошад, Пешвои миллат ҳамчун шахсияти дурбин ва масъулиятшинос масъалаи ҳифзи табиат ва захираҳои ҳаётан муҳимро ба сатҳи аввал мебароранд. Ин равиш на танҳо манфиатҳои миллиро фаро мегирад, балки ба таъмини ояндаи амну устувори тамоми башарият равона шудааст. Маҳз чунин мавқеи фаъол ва инсонгароёна нишон медиҳад, ки бетарафӣ нисбат ба тақдири сайёра ва наандешидани зиндагии наслҳои оянда қобили қабул нест ва ҳар давлату миллат бояд дар ин самт саҳм гузорад.
Суҳайл АСРОРЗОДА,
докторанти PhD-и курси 2-и кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон








20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад






