«Барқчӣ» ва «Регар ТадАЗ» имрӯз даври 7-умро оғоз мебахшанд
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт бозии аввали даври ҳафтуми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ бо вохӯрии дастаҳои «Барқчӣ» ва «Регар ТадАЗ» оғоз меёбад.
Ин вохӯриро довар Хусрави Сиддиқзод бо гурӯҳаш ҳакамӣ мекунад.
«Регар ТадАЗ» дар мақоми 4 ва «Барқчӣ» дар зинаи 8 мавқеъ доранд. Барои «Регар ТадАЗ» варзишгоҳи «Авиатор» бахосият маънидод мешавад, зеро дар даври панҷум соҳиби ҷои дуввум- дастаи «Хайр»-ро бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда буд. Ғалаба дар ин бозӣ мавқеи дастаҳоро дар ҷадвали раддабандии мусобиқот устувор хоҳад кард.
21 май рақобатҳои боқимондаи ин давр «Хайр» бо «Истиқлол»,«Ҳосилот»- «Хуҷанд», «Вахш»-КМВА «Помир» ва «Равшан»-«Парвоз» гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки аз сабаби ба рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонун-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадани 22 май дар тақвими бозиҳои Лигаи олӣ тағйирот ворид гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






