Дар Русия имрӯз Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей шурӯъ мешавад

Май 6, 2016 10:45

Душанбе, 6.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати 80-уми ҷаҳон дар ду шаҳри Русия -Маскав ва Санкт-Петербург шоми имрӯз бо баргузории 4 вохӯрӣ оғоз мешавад. Дар таърихи ин бозиҳо маротибаи 7-уми аст, ки он дар Русия ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мегузарад. Аз ин пештар солҳои 1957, 1973, 1979, 1986 ва 2007 дар Маскав ва соли 2000 дар Санкт Петербург гузаштааст. Ба ғайр аз дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1986 то ба ҳол ягон дастаи мизбон дар он ғолиб наомадааст (Шведҳо соли 2013 дар Шведсия ва Финляндия пирӯз шудаанд).
Ба ҳамин тартиб, дар гурӯҳи А дастаҳои Русия, Шведсия, Чехия, Латвия, Швейтсария, Норвегия, Дания ва Қазоқистон, дар гурӯҳи В Канада, ИМА, Финляндия, Беларус, Словакия, Франсия, Олмон ва Маҷористон шомил шудаанд. Бозиҳои гурӯҳи А дар Маскав ва В дар Санкт-Петербург ҷараён мегиранд.
Имрӯз дастаҳои мунтахаби Русия бо Чехия, Шведсия бо Латвия, Амрико бо Канада ва Финляндия бо Беларус қувва месанҷанд.

Май 6, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад