Хуҷанд: баргузории ярмаркаҳои корӣ ҷиҳати дарёфти кори муносиб
Хуҷанд, 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дар майдони Регистони мавзеъи бозори Панҷшанбеи маркази шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка намояндагони 10 шуъбаву бахшҳои агентии мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, чун Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Спитамен, Истиқлол, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, ва КВД Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар мутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят Абдурайҳон Абдураззоқов хабар дод, дар ин рӯз аз ҷониби 200 ташкилоту муасиссаи шаҳру ноҳияҳои номбаршуда 1700 ҷойи корӣ пешниҳод шуд. Музди маоши ҷойҳои кории пешниҳодгардида аз 250 сомонӣ то 1200 сомонӣ мебошад.
Дар ярмарка ба 169 нафар шаҳрванди корҷӯй, ки аз он наздики 80 нафараш занон буданд, роҳхат ба кори доимӣ дода шуда, 60 нафар шаҳрванде, ки соҳибкасб шудан мехостанд, барои касбомӯзӣ номнавис шуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






