Имтиҳони футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар варзишгоҳи марказии пойтахт

Май 26, 2016 11:46

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 20 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сармураббии нави дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов дар як вохӯрии таҷрибавӣ ва санҷишии дӯстона бо тими легионерҳои Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахабро аз назар мегузаронад.
Сар аз 23 май дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Бангладеш, ки 2 июн дар Душанбе ва 7 июн дар шаҳри Дакка мегузаранд, шурӯъ намуд.
Ба ҳайати даста Ҳаким Фузайлов 29 бозингар — 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Се легионер — дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари  тими «Газовик»-и Оренбург  Фарҳод Восиев ва ҳамлагари дастаи «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев низ номнавис шудаанд.
Дар ҳайати мураббиён низ тағйирот ба мушоҳида мерасад. Дар бозии таҷрибавие, ки дастаи мунтахаб ҳафтаи гузашта ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бо ҳам рақобат кард, ёварони Ҳаким Фузайлов- Рустам Хоҷаев ба як гурӯҳ машқ медоду ба гурӯҳи дигар футболбози шӯҳратёри  тоҷикистонӣ  Виталий Левченко.
Виталий Левченко ба Ҳаким Фузайлов ҳамчун ёвар кумак мекунад ё не хабари аниқе ба мо нарасидааст, аммо ӯ дар варзишгоҳ ҳузур дошт ва ба бачаҳо тамрин медод.
Ба ин савол мо имрӯз баъди бозии санҷишии даста ҷавоб хоҳем гирифт.

Май 26, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд