К. Олимов: Ҷаҳонишавӣ на танҳо барои наздик кардани кишварҳову халқҳо шароит муҳайё намудааст, балки хатарҳои ҷаҳонӣ низ ба вуҷуд овардааст
Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академия имрӯз конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявии «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Зимни баргузории конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов иброз намуд, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки масъалаи бисёр муҳим аст, на танҳо барои наздик кардани кишварҳову халқҳо шароит муҳайё намудааст, балки хатарҳои ҷаҳонӣ низ ба вуҷуд оварда, ба давлатҳои хурди соҳибистиқлол таҳдидҳо бештар гардидаанд. Вале, дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои зиёде ноил гардид.
Ҳамчунин Кароматулло Олимов иброз намуд, ки дар ин самт олимони ҷумҳурӣ низ бо таҳқиқоти худ хизматҳои арзанда намуда, барои пешбурди корҳои мафкуравӣ дар Тоҷикистон таҳқиқоти илмии зиёде анҷом доданд.












Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






