Мавзуна Чориева ҳарифи худ аз Тайванро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт

Май 20, 2016 12:05

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мавзуна Чориева, варзишгари шӯҳратёри тоҷик дар риштаи бокс дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш, ки дар шаҳри  Остонаи Қазоқистон дар ҷараён аст, аввалин ҳарифи худ Вен-Линг Ченро аз Тайван бо бартарии 3:0 ба мағлубият рӯ ба рӯ кард.
Барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг ният дорад дар охирин мусобиқае, ки роҳхат-литсензияро ба бозиҳои олимпии РИО-2016 медиҳад, ба пирӯзӣ комёб шавад. Рақиби навбатии муштзани тоҷик Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад, ки шоми 21 май бо ҳам вориди майдон мешаванд.
Дар ин вазн 47 нафар муддаиён барои медалҳо мубориза мебаранд. Намояндаи дигари кишварамон Шоира Зулқайнарова дар вохӯрии нахустинаш дар вазни 75 кг аз  Сараҳ Шеурих аз Олмон ба нокомӣ дучор шуд ва ҳуқуқи идома додани мусобиқаро аз даст дод.  Охирин шонси ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои олимпии Рио-2016 барои Шоира аз даст рафт.
Ёдрас мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон 285  варзишгар аз 65 давлат иштирок доранд ва он  то 27 май идома меёбад.

Май 20, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд