Нахустин бохти «Саройкамар» дар мусобиқаи Лигаи аввал

Май 18, 2016 14:33

Душанбе,18.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи  «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ғолиби феълии  мусобиқаи  лигаи  аввали  футболи Тоҷикистон, дар даври панҷум дар меҳмонӣ аз тими  «Парвин»-и ноҳияи  Бохтар бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти футболбозони ноҳияи Панҷ дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Дастаи «Саройкамар» дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз ба ҷойи дуюм фуромад.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, ки бар тими мизбон — Коммуна-и Фархор  бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад.
Ёдовар мешавем, ки тими Панҷшер низ 12 имтиёз дорад ва таносуби тӯбҳояш нисбат ба Саройкамар беҳтар аст.
Дастаи «Помир»-и Душанбе, ки дар майдони худ тими «Чашма»-и Шаҳритусро бо  ҳисоби калони  6:3 шикаст дод, бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.

Май 18, 2016 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд