Ҷоми КФО: «Нафт Алвасат» ва «Алфайсалӣ» шикаст хӯрданд

Май 26, 2016 08:48

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии 1/8- ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё клубҳои футболи  «Нафт Алвасат»-и Ироқ ва «Алфайсалӣ»-и Урдун, ки бо чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар як гурӯҳ буданд, аз ҳарифонашон «Алҷайш»-и Сурия ва «Алмуҳаррақ»-и  Баҳрайн бо натиҷаи якхелаи 1:0 мағлуб шуданд ва аз мубориза барои Ҷоми КФО, ки дуввумин мусобиқаи сатҳи олӣ дар Осиё мебошад, дар канор шуданд.
Дар бозии байни дастаҳои «Ҷаҳор дарул таъзим»-и Малайзия бо «Кайа ФК» -и Филиппин натиҷаи аз ҳама намоён- 7:2 ба қайд гирифта шуд. «Китчи»-и Гон-Конг аз «Бангалуру»-и Ҳиндустон бо нишондоди 2:3 дар майдонаш шикаст хӯрд.
Ба ҳамин тартиб, дастаҳои «Алҷайш»-и Сурия, «Алмуҳаррақ»-и  Баҳрайн, «Айр Форс клаб»-и Ироқ, «Алаҳад»-и Лубнон,«Тампинс Роверс»-и Сингапур,  «Соуз Чайна» -и Гон-Конг, «Ҷаҳор дарул таъзим»-и Малайзия ва  «Бангалуру»-и Ҳиндустон ба рақобатҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Май 26, 2016 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад